Муҳоҷирони қирғиз аз супоридани имтиҳони таърихи Русия озод мешаванд
Муҳоҷирони кории Қирғизистон дар Русия аз супоридани имтиҳони таърихи ин кишвар озод хоҳанд шуд.
Ин нуктаро Федор Чернитсин, котиби Гуруҳи корӣ дар бораи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зимни мизи мудавваре дар шаҳри Бишкек баён доштааст.
Ба гуфтаи Федор Чернитсин, муҳоҷирони кории қирғиз ҳамчун шаҳрванди кишваре, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад, аз ин имтҳон озод ва низ ҳаққи рафтуо ба Русия бидуни шиносномаи хориҷиро доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми муроҷиат ба ниҳодҳои давлатии Русия барои дарёфти иҷозаи истиқомати муваққат, фаъолияти корӣ ё патент, бо ироаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар имтиҳон гирифта мешаванд. Ин қонун аз моҳи сентябри соли 2015 мавриди амал қарор гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |