Русия дар бунёди иншоотҳои Ҷоми ҷаҳон-2018 ба муҳоҷирон сабукӣ медиҳад?
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, қонунгузории ҳузури шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар сохтмонҳои марбут ба сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол осон кунад.
Дар пешнависи ин муқаррарот омадааст, асноди муҳоҷир бояд дар муддати кутоҳ баррасӣ шавад. Рӯзномаи “Известия” бо такя ба ин санад навиштааст, раванди содда кардани қонунгузорӣ шаҳрвандони ҳамаи кишварҳоро мадди назар мегирад. Аммо тибқи ин муқаррарот сохтмончиёни бозарфият бо пешниҳоди ҳукуматҳои федеролӣ бидуни квота ба кор гирифта мешаванд.
Коршиносон ва ҳуқуқшиносони рус аз пешниҳоди ин муқаррарот истиқбол кардаанд. Ба бовари онҳо ин система ба пудратчиён барои гумоштани коргарони хориҷӣ кумак хоҳад кард ва ҳамзамон ҳифз кардани ҳуқуқи онҳо осонтар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |