Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Тоҷикистон ин моҳ мавқеашро чор зина беҳтар кард
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол чор зина пеш рафтааст.
Тавре торнамои расмии ФИФА навиштааст, дастаи миллии футболи Тоҷикистон бо 173 имтиёз мақоми 139-умро соҳиб шудааст, ки 4 зина аз моҳи қаблӣ беҳтар мебошад.
Яккачини Тоҷикистон миёни 46 тими миллии кишварҳои Осиё ҷойи 17-ро ишғол карда, байни давлатҳои собиқ Шӯравӣ дар мақоми 13-ум болотар аз Туркманистон (173) ва Қирғизистон (177) қарор дорад.
Дар садри рейтинг мунтахаби Олмон нишастааст. Аргентина, Белгия, Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва Испания шомили даҳгонаи беҳтаринанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |