Бахшҳо

Академияи илмҳо: Боварии комил дорем, ки Гулмурод аз кардааш пушаймон мешавад

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастани полковник Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН, ба гуруҳи террористии бо ном “Давлати Исломӣ” изҳори нигаронӣ намудааст.

Дар изҳороте, ки имрӯз, 4 июн аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон пахш шудааст, Гулмурод Ҳалимов дар ватанфурӯшӣ муттаҳам шуда, аз ӯ "ношукр"-у "кӯрнамак" ном бурда мешавад. "Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва "муҷоҳидони" ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд",-омадааст дар ин изҳорот.

МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН:

“Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи нангини ватанфурӯшии Гулмурод Ҳалимов як нафар собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии кишвар бохабар гашта, изҳори таассуф мекунад, ки дар Ватани азизамон чунин нафари ношукр ва кӯрнамак пайдо гардидааст, ки қасами ба Ватан ва давлат додаашро шикаста, ба гурӯҳҳои силоҳбадасти террористӣ ҳамроҳ мешавад.
Ба ҳар як шаҳрванди оқил ва ватандӯсти Ватанамон маълум мебошад, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азобу машаққатҳои зиёде аз парокандагию нобудшавӣ наҷот ёфта, ба сулҳу салоҳ ноил гардид ва роҳи тараққиёту созандагиро пеш гирифт. Коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ сабабҳои ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакати мо таҳлил карда, ба хулосае расиданд, ки сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои фоҷиабори гузашта нишонгари дур будан аз худогоҳии миллӣ ва ба доми фиреби душманони давлату миллат гирифтор шудани гурӯҳе аз шаҳрвандони ҳангомаҷӯю мансабхоҳ будааст. Чунин одамони содаю зудбоварро баъзе қувваҳои вайронкори хориҷӣ бо ҳилаву найранг ба осонӣ ба доми худ мегиранд ва дар зери ниқоби «наҷоти ислом», мазҳабҳои мухталифи исломиро душмани якдигар месозанд. Ин нируҳои низоъандоз дар кишвари мо боиси марги беш аз сад ҳазор аҳолии осоишта шуданд, ки аксари онҳо ҷавонон ва занону кӯдаконанд. Гулмурод ва ӯ барин ҷавонони тоҷикистонии ба доми фиреб афтода мехоҳанд бори дигар он рӯзҳои талхро ба сари мардум биёранд. Вале имрӯз халқи мо қадри сулҳу осоиштагиро хуб медонад ва бори дигар фиреб нахоҳад хӯрд.

Душманони миллати тоҷик ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои харобкоронаи худ даст накашидаанд ва зиндагии миллати моро дар фазои сулҳу созандагӣ дидан намехоҳанд ва дубора хостори ба гирдоби низоъ ва хунрезӣ гирифтор сохтани мо мебошанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ё дақиқтараш ҷаҳонисозӣ, нируҳои манфиатҷӯ мехоҳанд давлатҳои оромро ноором, мардуми хушбахтро бадбахт гардонида, аз боигарии миллиашон маҳрум созанд ва бо баҳонаҳои ҷорӣ кардани «исломи ноб» бо зӯри силоҳҳои маргбор халқҳои мусалмонро нобуд созанд.

Оё зиндагии мардуми Ливия, Сурия, Ироқ дар солҳои пешин бад буд? Оё онҳо пештар мусалмон набуданд? Оё акнун хушбахт шудаанд? Фарзандонашон орому осуда хоб мекунанд? Оё имрӯз гуреза шуда ба муҳоҷират рафта, ба умеди як пора нон ва гӯшаи ором дар баҳри Миёназамин ғарқ шуда намемиранд? Оё даҳсолаҳо инҷониб мардуми бародари мо дар Афғонистон дар зери шиорҳои ҷиҳодии ҳизбҳои исломӣ қурбон намешаванд?

Оё он қувваҳое, ки зери ниқоби ислом ва ҷиҳод ба қатлу ғорат ва таҷовуз ба номуси мусалмонон даст задаанд ва одамони бегуноҳро сар аз тан ҷудо мекунанд, мусалмон ҳастанд? Ҳеҷ гоҳ! Онҳо шахсони содадил, норозӣ аз зиндагӣ ва ба пули осон умедбастаро бо ваъдаҳои дурӯғин ба сафҳои террористон ҷалб менамоянд, аз онҳо қотилони байналмилалӣ тайёр мекунанд, то ба ин васила мардуми мусалмонро аз байн бибаранд ва сафҳояшонро ҳар чи камтар намоянд. Ҳадафи асосии онҳо мусулмононро ба дасти худи мусулмонон несту нобуд кардан аст!

Ба чунин гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайвастани Гулмурод Ҳалимов чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳам як шахси фиребхӯрдаест, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва ҳуввияти миллӣ надоштанаш, эҳсоси миллатдӯстию ватанпарастии амиқ намекунад ва мисли як гурӯҳ ҷавонони ҳамсони худ ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат кардааст.

Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва «муҷоҳидони» ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину бадбахттарин амал хиёнат ба Ватан аст ва номи ин гуна шахсон ҳамчун хоини Ватан дар таърих хоҳад монд. Оё осон аст ба фарзандону наздикони одаме, ки «хоини Ватан» ном бурда мешавад? Оё Ватан ба Гулмурод Ҳалимов бо тиру силоҳ таҳдид кардааст, ки аз мулки дигар бо силоҳ ба сӯи Ватан таҳдид мекунад ва мехоҳад ба воситаи куштору хунрезӣ ба Тоҷикистон баргардад? Оё ин кори инсони солим ва боақл аст?

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ҷорӣ шудани сулҳу субот дар кишвари азизамон бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳал шудаанд. Роҳҳову туннелҳо, неругоҳҳои обии барқии хурду миёна, биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, мактабҳои нави замонавӣ бино гардидаанд,ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада истодаанд, маошу нафақа ҳар сол бештар мешавад. Ба кӯдакони бепарастор ва эҳтиёҷманд аз тарафи давлат ҳамасола ёрӣ расонида мешавад. Дар кишварҳои хориҷ намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои кишварамон фаъолият доранд, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад, обрӯи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон торафт боло меравад. Оё ин муваффақиятҳоро нодида гирифтан мумкин аст? Албатта, камбудиҳо ҳастанд, вале онҳоро танҳо дар шароити оромию субот бартараф кардан мумкин асту бас. Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёд сохта шуданд, мардуми мусалмони мо ба зиёрати хонаи Худо меравад, теъдоди ҳоҷиён сол то сол меафзояд, маросимҳои динӣ озодона анҷом дода мешаванд. Оё ин мусалмонӣ нест? Барои баҳои холисона додан инсон бояд воқеъбин ва боинсоф бошад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мегӯяд:
Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Наворҳои бераҳмонаеро, ки аз «Давлати исломии Ироқу Шом» аз тариқи интернет ва телевизион намоиш медиҳанд, бо ислом иртиботе надоранд ва он даҳшатест, ки ба инсон хос нест. Хоҷагони хориҷии «Давлати исломӣ» ба дасти кӯдакони мусалмон силоҳ дода, аз онҳо мехоҳанд қотилҳои исломӣ омода намоянд ва бо силоҳҳои маргбор мехоҳанд исломи наверо ҷорӣ кунанд, ки дар асл мақсадаш хонаи Каъбаро вайрон кардан, эҳтироми падару модар ва ҳурмати қабри наздиконро аз байн бардоштан, давлатҳои миллиро барҳам додан мебошад ва инро талаботи исломи ҳақиқӣ медонанд. Дар сурате, ки ҳадафи ниҳоӣ ва аслии муғризонаи хоҷагони хориҷии ДИИШ ҳуввияти мусулмононро барҳам задан, аз дастёбӣ ба илму фанни муосир дур нигоҳ доштан, мусулмононро душмани ҳамдигар сохтан ва аслан пурра нобуд сохтани дороиҳо ва Ватани мусулмононро соҳиб шудан мебошад. Онҳо тавассути Гулмурод Ҳалимов барин ашхоси нохудогоҳу бидуни ҳуввияти миллӣ, кишвари моро мисли Ироқ, Сурия, Яман, Миср ва Афғонистон ба гирдоби ҷангу низоъҳои даҳшатбор афкандан мехоҳанд. Бовари комил дорем, ки ҳеҷ фарди солимақл ва халқи заҳматкаши тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафии сулҳхоҳу сулҳпарвар аст, аз паи чунин иғвоҳои даҳшатафканон нахоҳад рафт!

Мо, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки дар баробари неъматҳои хуби илму технология, инчунин мушкилиҳои зиёди сиёсӣ ва мафкуравии бузург, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, маводи мухаддир, одамрабоӣ ва одамфурӯширо ба бор овардааст, изҳори ташвиш намуда, ба ҳамаи мардуми ранҷкашидаи кишвари маҳбубамон, хосатан ҷавонон, ҷавондухтарон, донишҷӯён, муаллимон, соҳибкорон, рӯҳониёни бедордил, аҳли илму адаб муроҷиат менамоем, ки аз равандҳои хатарноки замони муосир ва ҳодисаҳои нохуши он хуб огоҳ бошанд, барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба камол расидани фарзандони миллат кӯшиш намоянд. Дар ҳамаи ҷамъомадҳо, маъракаҳо, маҳфилҳо ба ҳамагон фаҳмонем, ки мақсадҳои ҷиҳодталабони ба ном «исломӣ» ба ҷуз бадбахтӣ, куштор ва хонумонсӯзӣ дигар натиҷа нахоҳад дод.

Ҷавононро аз хатарҳои ин қувваҳои хунхор бояд ҳифз намоем, то онҳо бехонаву беватан, гурезаю дар ба дари ватани дигарон нашаванд! Падару модарон ва мактабҳо бояд кӯдаконро аз хурдӣ дар рӯҳияи донишандӯзӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, сулҳҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамаи миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои гуногун тарбия намоянд, зеро мо дар як сайёра зиндагӣ мекунем ва фазои сулҳу эҳтиром ба инсон дар маркази ҷаҳонбинии ҳамаи сокинони он бояд қарор дошта бошад.

Гарави асосии оромии зиндагии имрӯзи ҳамаи мо, хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондану нобуд нашудани Ватани ягонаамон Тоҷикистон садоқат ба ваҳдати миллӣ ва дар атрофи Президенти кишварамон барои таҳкими субот ва пойдории давлат муттаҳид шудан аст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром ва ҳамнаво бошем. Ин аст вазифаи олии имонӣ ва инсонии ҳар як сокини Ватан ва ҳар як фарди хирадпешаву мусалмони ватанпараст.

Раёсати Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
Ватандустдор
Рахмат барои тахлили хамачониба ва суханони пурмазмун. бародарони мусалмон мо дар хама чо аз мусалмонии худ харф мезанем ва мегуем ки мумин бародари мумин аст. Барои хамин ман хам бовари дорам ки халки бофархангу зираки точик хеч вакт ба гапи ин гуна хоинони миллат фирефта намешаванд ва барои ободу зебо гардонидани Ватани азизу бихиштосои худамон камари химмат баста, намегузоранд ки кадами нопоки душманони миллати точик ба хоки мукадаси Точикистон расад. Худованд бо лутфу карами худ ва азамату бузургии худ Точикистону ва мардуми точикро чи дар дохил ва чи дар берун аз ватан дар панохи исмати худ нигох бидорад Душманонашро хору залил бигардонад. ОМИН!!!!!!

Точикон дар мусулмони нисбат ба дигар миллатхо бехамто мебошанд. Рукнхои диниро хуб ба чо меоранд. Гузаштагони мо бештар дар бораи таълиму тарбия эчод кардаанд. Аммо, чавонони имрузаи точик аз худ бегона шудаанд, фирефтаи равияву акидахои гуногуни дини шудаанд. Рухониёни точик миллати худро фаромуш кардаанд. Далели гуфтахо фирори Гулмурод ва дигар чавонон ба ДИИШ аст.

Лаънат ба ин ватанфуруш ва хоини миллат. аз кардааш пушаймон шавад хам, ба чунин шахсони беакл ба миллат ва давлат набояд рох дод.

Гулмурод дар Точикистон зиндагии хуби шохона дошт, холо бошад дар давлати бегона дар болои сангу кулух сарсону саргардон. Маълум мешавад, ки дин оламонро девона мекардааст.

Салом мардуми Точикистони азиз! Вакте ки ман хамин маколаро хонадам фахмидам ки дар Академияи илмҳои мо ... шиштиян барои чи? Чунки ин суханохое ки Шумо дар инчо гуфтед ( ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд) ин сухана то кудаки 5 солара пурси медонад. шумо тахкик кунед Гулмурод чаро рафт барои дигаро фахмонед то дигаро фахманд ки то дигаро дар гирдоби ин нафтанд, чихаст ки 3 сахифа лексия хонда лаганбардори мекнен. Як чизи нав гуед наввввввв Акадеикхои мухтарам

Ҳоҷи
Махмуд,
Боре як афғон дар масҷиди тоҷикон намоз хонду баъди намоз гуфт: Ман 60 сола ҳастам,аммо мусулмонии тоҷикон, ки 70 сол манъ буд аз 700 сола муслмонии афғонҳо беҳтар аст. Онҳо ба Худо саҷда мекунанду беғаразона, аммо афғонҳо дар забон мусулмони мекунанду дар танҳои аз Худо бехабаранд.Бача мекушанд, таҷовуз мекунанд, ҳаққи ҳамдигарро мехуранд. Баъд гуфт Худо маро тоҷик кун! Аз ин беҳтар суханро дар ҳаққи миллатамон нашунидаам.

сино
То замоне ки ба ришу сатри ҳохарон дастдарози намекарданд Гулмурод дар хизмати ҳукумат буд,акнун хулоса кунед ки гунаҳкори асоси аст.Чаро дар мавриди помол шудани ҳуқуқи мусулмонон "академик"-ҳо хомуш буданд???

Душанбе
Аз ин кадар капхои бехудара як фикринав барои хали камсаводи дар точикистон кунед хама камсаводан мисли мову шумо ба ин из коришумо у бар намегарда Якам мантики бошед академикхои мухтарам

Тоҷик
Бале, ҳамеша ва махсусан дар ин ҳолатҳо нақши Академияи илмҳо ниҳоят муҳим аст. Дар кишвар ҳар кас метавонад ҳарферо занад. Вале донишмандони қариб ҳама соҳаҳо дар Академия ҷамъ шудаанд, ки онҳо метавонанд, бо таҳлилу баррасиҳои асосноки худ, ба ҳама афроди миллат, чи коргари оддӣ ва чи коргари дараҷаи баланд, раҳнамоии ҳамаҷониба намоянд. Ҳар кишвар бо доштани олимон ва донишмандони худ ва бо доштани маърифати дуруст метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби эҳтиром гардад.

Абдуллох
Академикхои мухтарам! Ташаккур барои ибрози назар. Аммо то ба кай бо гуфтану навиштани насихатномаву васиятнома корро ба фарчом мерасонед?! Кани тахлили илми ? Кани роххои пешгирии илман асоснок карда шуда? Шумо аз хисоби мо,андозсупорандахо маош мегиред , аммо ....
Пушаймон мешавад ... Давое надорад... Ин харфхоро аз кампири момамхам мешунавам. Хохиш мекунам , сабабхо ва омилхои пайвастани чавонон ба чунин гуруххоро пурра тахлил кунед ва роххои чилавгириашро низ . Хакикатро гуед , ба курсии худ не ба ватани худ хизмат кунед.

Академикхои мухтарам! Ташаккур барои ибрози назар. Аммо то ба кай бо гуфтану навиштани насихатномаву васиятнома корро ба фарчом мерасонед?! Кани тахлили илми ? Кани роххои пешгирии илман асоснок карда шуда? Шумо аз хисоби мо,андозсупорандахо маош мегиред , аммо ....
Пушаймон мешавад ... Давое надорад... Ин харфхоро аз кампири момамхам мешунавам. Хохиш мекунам , сабабхо ва омилхои пайвастани чавонон ба чунин гуруххоро пурра тахлил кунед ва роххои чилавгириашро низ . Хакикатро гуед , ба курсии худ не ба ватани худ хизмат кунед.

академия
Шумо гапхои пучро монеду ба ин савол чавоб дихед ки шумо терорстхоро дар миёни мардуми бечора мечуед, вале кадом амалхои нодурусти шумо сабаб шуд ки аз дилатон терористхо пайдо шуданд?дуругу фитнадозиро бас кунеД, хамааш хуб мешавад лекин дар хамаи худатон гуназкоред. Мардумро бо гапхои кучаги иреб накне да

Мурод
Рост гуфти бародар!!!

Абдулло
Дар хакикат макола босаводона навишта шудааст. Рости хар гулак худша босавод мегира хондан намефора... Маколаи олимона шахси бохирад ватандуст бошуур фикр мекунам дарк мекунад!!! Обод бошед. Баъди шохи гадои хуш намеояд маро.. Ачоиб одам худша ба дасти худ гадову гулом мекардааст

Оятулло
агар шароити ТЧ аз чихати диндори хаминхел давом кардангирад. соли тавалудум 1994 будущее муджахид, ИНШААЛЛАХ.

Хамаи кори дунеи ба гайри руза, намоз ва ... пушаймони дорад.

Абдулло
Шарххоро хондам. Академия саволи оли. Хулоса, як кудак хатто фиреб намехурад аммо як мардаки калона фиреб доданд маълум шуд, ки шуур нест. Пайгомбар гуфт аз гавхора дониш омузед шуурро мустахкам кунед то гуломи террористо нашавед 8 фарзанду модару падари гиблагоха зан хамкисмата хору зор накун... шуур шуур бузурги ба акл аст на ба сол маълум шуд ки ин нафар бузург будаасту акли кам доштааст. Саволи такрор: барои чи ифротийон одамони камирода ва бесаводро мекобанд? Ба онхо босавод лозим нест магар? Э бо.. хамин кудаконе ки террорист мешаванд акалан гуянд ки мо арабиро медонем фалон чои Куръонда фалон чи гуфта шудааст, мо тарафдор... Озодагон рости маълум кардам, ки шумо ободии ватани азизамонро мехохед аз яке расонахода (О-и) ташаккури зийод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)