Бахшҳо

Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳамаи кишварҳо танҳо бо роҳи ислоҳот ва барномарезиҳо дар асоси илм рушд кардаву мекунанд. Дигар роҳе вуҷуд надошту надорад. Ҳар рӯз ба саҳифаҳои рӯзномаҳо ва хабаргузориҳо ба умед менигарам, то хабаре аз барномаҳои тозае пайдо намоям, ки сабаби расидан ба рушди ин ё он соҳа гардад. Аммо ҷои афсӯс аст, ки ҷуз ҳарфҳои забонзадву ғояҳои пешина ва усулҳои куҳна хабаре аз ҷониби мақомдорон намерасад.


Ҳар гоҳ, ки иддае аз мансабдоронро аз вазифа сабукдӯш мекунанд, кас умевор мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба ислоҳоти кадрӣ задааст. Вале дар муддати як-ду моҳ ҳамаи сабукдӯшшудаҳо соҳиби курсӣ дар ниҳоди дигар мешаванд. Мантиқи ин корро агар шахсони масъул нафаҳманд, каси дигар ба даркаш қодир нест. Барномаҳои ислоҳотие ҳам, ки гоҳу ногоҳ дар ину он бахш рӯи даст гирифта мешаванд дар аксар ҳолат рӯи варақ мемонанд ё комёб намегарданд.

Вақте овоза шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе мегиранд, аксарият аз ин хабар ғамгин шуданд. На ба хотири инки Убайдуллоев кадри ивазнашаванда аст, балки аз тарси онки Худо накарда ба ҷояш шахси ноуҳдабарое ё нолоиқе гузошта шавад. Ва охирин хабаре ҳам, ки ҳоло хондам ба шаҳрдорӣ ва Убайдуллоев рабт дорад. Тибқи ин хабар раиси шаҳри Душанбе Убайдулло Раҷабовро коргардони намоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахт таъин карда, ӯро вазифадор кардааст, ки иштироки беҳтарин санъаткоронро баҳри баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боғи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин намояд. Мувофиқи ин қарор, инчунин дар рӯзи Ваҳдат давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. Тибқи ин нақша дар баробари ороиши зоҳирии шаҳр инчунин дастур дода шудааст, ки 200 духтар бо либоси миллӣ ва рамзи Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин шаванд. Яке аз бандҳои ин нақша инчунин “таъмини 100 духтар бо сару либоси мӯди навин” будааст.

Ин чӣ маъно дорад? Боз ҳамун амалҳо, усулҳои кӯҳна. Боз хатнасур, боз саргардон кардани духтарони мардум. Боз рақсу суруд...

Чаро барои устувории ваҳдат намеандешем? Чаро барномае ба миён наорем, ки сабаби баҳамоии воқеии миллат гардад? Агар рақсу суруд моро ба ҳам муттаҳид мекард, имрӯз аз мо миллати воҳидтаре дар ҳич гӯшаи ҷаҳон пайдо намешуд. Ҳар сол ин корро такрор мекунем. Ҳар сол духтарони донишҷӯву толибилми макотибро овора мекунем, вале чӣ натиҷа овард? Магар сарҷамътар шудем? Ин ҳама ба хотири чист?

Барои ҳамаи ин вақту маблағ сарф мешавад. Вақту маблағро барои корҳое, ки натиҷааш ҳеч аст, харҷ намудан кори оқилона наменамояд.

Аз ин ҳам бигзарем, дигар вақте расида, ки бояд фикрҳову усулҳои кӯҳнаро дар ҳама бахшҳо аз сар дур кунем.

Барои ба тарзи нав зистан андешаи нав мебояд!
Мӯҳр
ОФАРИН ПЕШНИХОДИ ОЛИ...
МАЗХАБИ ЗИНДАДИЛОН ХОБУ ПАРЕШОНИ НЕСТ
АЗ ХАМИН ХОК ЧАХОНИ ДИГАРЕ СОХТАН АСТ...

Бале бародар сад дарсад рост мегуед барои ба тарзи нав зистан андешаи нав мебояд. Хукуматдорони мо пир шудаанд старико бехад вазифадустдор будаанд хайр аку хамара чазир каодед баскнен бо насли чавону бо савод сари кор ояд боваркунед вакте мансабдоронро мебинам дар ягон мавзуъ фикри худро баён дошта наметавонанд умуман бекогаз суханрони карда наметавонанд. Фикраи саюзи доранд бо мо чавонхо хеч фикрашон рост намеояд.
Онхо нодидаанд имрузро бо даврони шурави мукоиса мекунанд

Мухтарам Азизи Накибзод, мутасифона Шумо факат рохи гайбат ва айбчуии дигаронро пеша карда дар ин самт бовари дорем ба натичахои назаррас ноил гаштаед. Агар Шумо дарак надоред хамасола аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон Барномахои рушди сохахои мухталиф тархрези гашта, чиыати дар амал татбик намудани онхо корхо зиёд пиёда шуда истодаанд ва натичаи мусбии татбики онхо ман ва дигар шахрвандон баръало хис карда истодаем. Аз Шумо илтимоси бародарона, агар дар ин самт дастиёр набошед, сади рох хам нашавед.

дарвеш
Куввати магриб на аз чангу рубоб аст,
не зи ракси духтарони бехичоб аст.
не зи сехри сохирони лоларуст,
не зи урёнсоку не зи катъи муст
мухками уро на аз лодини аст,
куввати фаранг аз илму фанаст.

раиси шаҳр
Асадулло
Бехтарин хак ва рост

Бовар кунед ин раванд, ки танхо ба зарари худи мардум мебошад, пешгириаш низ танхо дар души мардум аст. На ин ки хукумат пеш гирад. Чаноби Оли пешниход намуд ва дигарон бояд инро хуб дарк намуда онро риоя кунанд

бегча
Офарин, Азизчон хамеша мисли як табиби ҳозиқ дуруст ташхис мемонӣ! Ислоҳот ва кадрҳои технократу босавод лозим, рақсу бозӣ ва носкашӣ ватанро харобу зеҳнҳоро кунд мекунад.

vasilj
Инчихели иди вахдат мешуда бошад ки аз аъзои хнит мачбури ариза мегиранд ки аз хизб бароед? Магар дар як тарафи санади сулх раиси хамин хизб имзо нагузошта буд?ба фикрам дар моХи июн иди вахдат не, иди шикасти як тарафи сулхро чашн гирифтанианд. Таъйини убайдулло рачабов хам хамчун хачвнигор рамзи аст,яъне масхараи сулху имзои созишномаи сулх!!!!!!

Кулябец
Бо раксу бози, хатнасур, намоиши духтархо иктисодиёт пеш намеравад ва заводу фабрика ба кор намедарояд . Шугли бемаъни ва сарфи маблагхо . Аз ин кор як хочагии дехкониро дастгири кунед бех мешуд!!! ,, Нон бошад, суруд хам мешавад "- гуфта буд Брежнев!!!

Ризо,
Ризо,
Ризо! ту мгуи, ки "Агар Шумо дарак надоред хамасола аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон Барномахои рушди сохахои мухталиф тархрези гашта, чиыати дар амал татбик намудани онхо корхо зиёд пиёда шуда истодаанд ва натичаи мусбии татбики онхо ман ва дигар шахрвандон баръало хис карда истодаем". Ҳамон баронмаҳои мегуфтгиата як номба мкарди,мдидм, ки кадомиаш татбиқ шуд? Лекин натиҷаи мусбиашро дида истодаем, ки шумобарин хушомадгуйхо бенасиб намонда истодаен.

ba rizo.
rizo pas charo on barnomahoi rushdi soha hej tasire nadorand? charo ruz az ruz zindagii mardum ba pasti raftaistodaast? mo dar afrika zindagi nadorem mo dar tojikistonem va harruz zindagiamon mushkil shudaistodaast tu kiro fireb mekuni? charo mo dar bayni 18 davlati kafomondatarini dunyoem? charo dar bayni davlathoi shuravi az hama davlati fakirem? va boz sadho charoi digar. va javobasham in ast ki hukumat harkore kard shumobarin laganbardoron bale bale gufted va ba hamai kambudiho chashm pushided yakas hakikatro guft shumo darhol soli 92ro ba yod meored soli 92 barki doimi doshtem hozir 2015 ast bark nadorem ana dastovardhoi shumo. marduma shukrona kuned gufta gashtankati vatan obod nameshavad boyad kambudii hukumatro guem va isloh kunad agar az uhdai kor namebaroyand joyro kholi kunand mo kasero zora nakardaem majburi vazifaro megirandu az uhdaikor namebaroyand khurda khob millat az dasti shumobarin laganbardoronu tarsuho ba pasti omadaast.

ломбада
Истехсолотро ба пеш гузоштан лозим доллар ба хорича камтар равад .

Бародар Буроy, як бор бо назари нек ба корхои кардагии хукумату давлати Точикистон назар андозед, баъд мефахмед, ки Ризо хак аст е не? Шумо дар паи хамон хочагои хоричии худ рафта истодаед ва идеяи онхоро амали карда истодаед

Чавоб ба нома: Мо дар байни давлатхои шурави аз хама пешрафта хастем. Шумо ба маълумоту омори давлат ва ташкилотхои хоричи такя накунед. Агар хохед хакикатро як бор худатон тадкикоти вокеи баред, баъд мефахмед, мо факирем ё боем. бале давлат(хукумат) агар ба фикри щумо факир бошад, аммо хали точикистон бой аст. як чизро иктисоди пинхони мегуянд. Ба ин ибора сарфахм рафтан даркор!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)