Боз як утоқи таълимӣ-методӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мавриди истифодаи донишҷӯён қарор гирифт.
Тибқи иттилои раёсати ин мактаби олӣ, ин кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз бо тамоми воситаҳои айёнӣ мебошад.Зимни ифтитоҳи расмӣ Файзалӣ Комилов ректори донишкада гуфт: «Дар баланд бардоштани сифати таълим аз устодон масъулияти бештареро тақозо менамояд». Утоқи таълимӣ-методӣ мансуб ба кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ мебошад. Қайд гардид, ки чунин утоқҳои методӣ дар донишкада кам набуда, танҳо насби проекторҳо дар онҳо лозим мешавад, ки рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст.
Мӯҳр