Сафари вазири нерӯи Эрон ба Тоҷикистон

Ҳамид Читчиён, вазири нерӯи Эрон ва ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ин кишвару Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе меояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Читчиён дар ин бора зимни вохурии худ бо Неъматулло Эмомзода, сафири кишвар дар шаҳри Теҳрон хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, вазири нерӯи Эрон гуфтааст, дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард ва ин боздиди ӯ “барои баррасӣ ва пайгирии масоили дуҷониба фурсати хубе” аст.
Мулоқоти сафири кишвар дар Теҳрон бо вазири нерӯи Эрон рӯзи 3 июни соли равон баргузор шуда, дар он ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҷеъ ба баъзе масъалаҳои вобаста ба Комиссияи муштарак ва баргузории ҷаласаи Кумитаи пайгирӣ дар Теҳрон баррасӣ шудааст.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |