Номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Чин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ғарқ шудани як киштии мусофирбари Чин унвонии Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, дар Тоҷикистон хабари ғарқ шудани киштии мусофирбарро дар рудхонаи Янтзи дар музофоти Хубэй, ки сабаби ҳалокати одамон шуд, бо андуҳ қабул карданд: “Дар ин лаҳзаи пурандуҳ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам ба наздикон ва хешовандони қурбоншудагон тасаллияти амиқ ва ҳиссиёти ҳамдардӣ, инчунин ба тамоми зарардидагон орзуи сиҳатмандии комили моро расонед".
Киштии “Ситораи Шарқ”, ки дохили он 457 нафар қарор дошт, шоми рӯзи душанбе ғарқ шуд ва бино ба иттилои расида, то ҳол ҷасади 13 нафар ёфт шуда, зиёда аз 400 мусофири дигар бе ному нишонанд. 14 мусофир наҷот дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |