Сафари доктор Абдуллоҳ ва вазири дохилии Афғонистон ба Душанбе
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон дар доираи як сафар аз шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Як манбаъ аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3 июн дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ карда, ҳадаф аз сафари Абдуллоҳ ба Душанберо иштирок дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” арзёбӣ кард.
Ин нахустин сафари балантарин мақоми ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон ба Тоҷикистон хоҳад буд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раисиҷумҳур, нахуствазир ва дигар мақоми баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ мекунад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун ширкат хоҳанд кард.
Қарор аст имрӯз, 3 июн Нурулҳақ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон вориди шаҳри Душанбе шавад. Тавре як манбаъ аз сафорати Афғонистон ба “Озодагон” хабар дод, Нурулҳақ Улумӣ, Кобулро дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе намояндагӣ хоҳад кард.
Ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз 4 то 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва иштироккунандагони муколамаи СҲШ ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |