Алӣ ибни Ҳусайн муддаии курсии президенти ФИФА
Алӣ ибни Ҳусайн, шоҳзодаи Урдун дар пайи истеъфои Зепп Блаттер аз пешбарии номзадияш ба мақоми президентии Федератсияи байналмилалии футбол дар интихоботи ғайринавбати ин ниҳод хабар додааст.
Салоҳ Сабра, муовини раиси Федератсияи футболи Урдун рӯзи 3 июн дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, Алӣ ибни Ҳусайн дар интихоботи ғайринавбатии раиси ФИФА иштирок хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар интихоботи охири раиси ФИФА номзадияшро бозпас гирифта, роҳро барои пирӯзии дигарбораи Зепп Блаттер ҳамвор кард.
Зепп Блаттер, ки 17 сол раҳбарии ФИФА-ро бар уҳда дошт, пас аз чаҳор рӯзи дигарбора интихоб шуданаш ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол аз мақоми худ истеъфо дод ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб кунанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки чанде қабл 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуданд.
Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79-сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуд. Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раҳбар мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.
Қарор аст, интихоби раиси нави ФИФА моҳи декабри соли 2015 то марти 2016 баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |