Бахшҳо

Барои вуруд ба як донишгоҳ ду бор имтиҳон: натиҷаи кадоме бартар?

Довталабоне, ки ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд, мегӯянд, аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро огоҳ кардаанд, ки ба ҷуз имтиҳони ягонаи воридшавӣ аз тариқи ин Марказ, ҳамчунин дар худи донишгоҳ ҳам имтиҳон месупоранд.

Ин довталабон мегӯянд, новобаста аз ин ки барои ворид шудан ба донишгоҳи мазкур дар нуқтаҳои Маркази тестӣ номнавис шудаанд, аз онҳо талаб шудааст, ҳатман дар донишгоҳ сабти ном шаванд. Дар сурати номнавис нашудан новобаста аз натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба ин Донишгоҳ пазируфта намешаванд.

Бо ин мазмун торнамои Маркази тестӣ ҳам як эълоне ба таваҷҷуҳи довталабони ин донишгоҳ нашр карда, аз онҳо хостааст аз 1 то 25 июл барои сабти ном шудан ба Комиссияи қабули ин донишгоҳ муроҷиат намоянд.

Савзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин тартиб бар пайи як муроҷиати ректори Донишгоҳи давлатии Маскав, академик А. Садовничий унвонии Президенти Тоҷикистон муқаррар шудааст: “Зеро бар асоси Қонуни федералии Федератсияи Русия “Дар бораи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург” ба ин донишгоҳ ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми қабул барои таълим аз рӯйи барномаҳои бакалавриат ва барномаҳои омода кардани мутахассисон аз рӯйи равияҳои таълим (ихтисосҳо), ки ин донишгоҳҳо муайян менамоянд, санҷишҳои иловагии равияи тахассусӣ доир намояд. Аз ин рӯ, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд, ки довталабони филиали ин донишгоҳ, дар баробари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД), дар филиали зикршуда имтиҳони иловагии махсусро супоранд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷаъфаров, довталабоне, ки ҳам аз имтиҳоноти ягонаи дохилшавӣ ва ҳам аз имтиҳоноти махсуси филилали Донишгоҳи давлатии Маскав мегузаранд, бояд дар хусуси даст кашидан аз тақисмоти довталабон ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба Маркази тестӣ ариза нависанд. Вале дар сурати нагузаштан аз имтиҳоноти махсуси ин донишгоҳ онҳо ҳуқуқ доранд, дар тақсимот ба ихтисосҳо иштирок намоянд.

Дафтари матбуоти Маркази тестӣ мегӯяд, ҳадаф аз дигарбора номнавис шудан дар пойгоҳи додаҳои ягонаи довталабони Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи довталабони филиали он дар шаҳри Душанбе мебошад ва тартиби номнавис шуданро комиссияи ҳамин донишгоҳ муайян мекунад.
Мӯҳр
Патриот
Нафаҳмидам, мо дар ҳайати Федератсияи Россия ҳастем ё давлати мустаъқил?
Дар хонаи худамон омада қонунҳои худашонро ба сарамон бор карда истодаанд.
Магар дар Ҳукумат ва Вазорати маорифу илм ягон тоҷики дилсӯз намондааст?!
Ё "ба Президент мактуб навишт" гуфта номуси ватандориро фаромӯш кардаед?
Шарм доред! Каме мулоҳиза кунед, чӣ кор карда истодаед.
Понздаҳ сол пеш мактабҳои туркиро роҳ додед, алъон сарфаҳми коратон рафтед. Бо ин донишгоҳ ҳам ҳамин иштибоҳро карда истодаед.

варли
агар як филиали донишгохи рус конуни точикистона зери по кунад, пас чи гила аз дигараш

Агар русҳо худашон имтиҳон (ё тест, аслан фарқе нест) доир кунанд, пас аз тести Маркази ягонаи тестӣ гузаштан чӣ маъни дорад? Магар довталаб ҳақ надорад рост ба донишгоҳи рус омада, онҷо қувваозмоӣ кунад? Умуман, будани ҳамин чанд донишгоҳи русҳо дар Душанбе чӣ аҳамияте дорад? Ин дипломҳоро аз ду сар ҳатто дар худи Русия эътироф намекунанд. Расман, шояд эътироф карда шавад, вале ғайри расмӣ, Худо медонад. Дар Тоҷикистон ба соҳибони онҳо кор нест. Сифати дарсҳо дар донишгоҳҳои Маскаву Душанбе фарқи калон дорад. Маълум аст, ки ташкили донишгоҳҳои русӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз спектакл чизи дигаре нест. Худнамоишӣ. То ба кай Вазорати маорифи Тоҷикистон домани Русияро маҳкам дошта, "мо бояд ба шумо наздик бошем" мегӯяд? Дунё кушод аст. Мебоядки бо дигар кишварҳо низ ҳамкории наздик дошта бошем. Хирагӣ карда, ҳар қадар худро ба русҳо наздик гирему забонашонро омӯзем ҳам, барои онҳо "чуркаву хачику чёрножопий" беш нестем. Русҳо бо ҳеҷ кас дӯстӣ надоранд. Ҳар қадар инро зудтар дарк бикунем, ҳамон қадар ба манфиати худамон аст.

99
Яъне, натиҷаи имтиҳони маркази тестӣ барои ин донишгоҳҳо "ба як пули пучак ҳам намеарзад"!!! Пас, дар ин марказ супоридани имтиҳон барои довталабони ин донишгоҳҳои русӣ чӣ маънӣ дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)