12 соли зиндони Ёраков барои ҷинояти 15 соли пеш
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Троитскийи Маскав аз 12 марти соли 2015 дар мавриди ҳабси як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, Миралӣ Ёраков бо ҳукми додгоҳ 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва ин муҳлатро дар колонияи низомаш шадид пушти сар мекунад: “Муайян шуд, ки моҳи октябри соли 1999 Ёраков дар ноҳияи Подолский (ҳоло Маскави нав) дар ҳолати мастӣ занеро, ки ҳамроҳаш шароб менушид, то ҷон додан латту кӯб карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад”.
Ба иттилои манбаъ, бо гузашти наздик ба 15 сол ӯ аз сӯи кормандони пулис боздошт ва моҳи марти имсол додгоҳ ҳукми маҳрумият аз озодияшро ба муҳлати 12 сол қироат кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |