Уфти рублу ҷаҳиши навбатии доллар дар Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт. Зуҳри 3 июн дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,50 - 6,52 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле ки дирӯз, 2 июн арзиши як доллар 6,45 - 6,47 сомониро ташкил медод.
Ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 29 майи соли равон дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд. Масъулини Бонки миллии кишвар дар шарҳи ин хабар гуфтанд, “сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард”.
Қурби рубли русӣ, ки дирӯз, 2 июн дар лавҳаи саррофиҳои Душанбе ҳазор рубл 120-121 сомонӣ нишон дода мешуд, ҳоло баробар ба 118 - 119 шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |