Ҷавонони қирғиз: Эътироз мекунем, агар ҳукумат моро гӯш накунад
“Федератсияи ҷавонон”-и Қирғизистон бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ аз ҳукумат талаб кардааст, ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид накунад ва дар ин замина райъгирӣ ҳам баргузор нашавад.
Мақсад Темирбоев, раиси ин созмон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир зарурат барои тағйирот вуҷуд надорад ва маблағе, ки барои ин кор масраф мешавад, беҳтар аст ҳукумат онро барои рушди соҳаҳое назири иҷтимоӣ ва иқтисод сарф намояд: “Ин фақат харҷи бефоидаи вақт ва маблағ аст. Ин як тасмими огоҳона нест. Мардумро ҳамеша фиреб кардан мумкин нест”.
Иштирокдорони ин нишасти хабарӣ гуфтаанд, агар ҳукумат ба мавқеи онҳо гӯш надиҳад, омодаанд як иқдоми эътирозӣ баргузор намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |