Бахшҳо

Қишри норозиро розӣ бояд кард ё саркӯб?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Баҳси хатари вуҷуди “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Миёна дар ин авохир бисёр доғ аст. Хусусан, аз ҷониби Русия ва расонаҳояш мавҷ-мавҷи воҳима ба фазои ин кишварҳо ворид мешавад, ки сарҳадоти худро маҳкам бидоред. Ва агар наметавонед моро ба сарҳади худ бихонед.


Дар ҳақиқат “Давлати исломӣ” имрӯз “устухоне дар гулӯи таърих” аст. Ин лоиҳаи сиёсӣ, ки маълум нест хостгоҳаш куҷост, дорад ба мушкили рақами яки ҷаҳон табдил мешавад. Масире, ки ба ин гуруҳи худсохта аз ҷониби қудратҳо сохта мешавад ба Осиёи Марказист. Ҳамин пиндор дар гуфтугӯйи сиёсатпардозони кишварҳои абарқудрат шакл дода мешавад. Хусусан гуфтугӯҳо сари ин аст, ки яке аз кишварҳои давру бари мо 70 миллиярд доллар гирифтааст, то ҷойгоҳе барои ҷангиёни “Давлати исломӣ” бидиҳад.

Нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарии Русия аз хатароти ин гуруҳ мантиқист. Вале дар баҳсҳои марбут ба ин ҳамчунин гуфта мешавад, ки омили вуруди ҷангиёни “давлати исломӣ” ба кишварҳои ОМ бо омилҳои дохилӣ якҷо шуда хатари инқилобҳо ва табаддулоти сиёсиву давлатиро ба миён меорад. Аз ҷумлаи омилҳои дохилӣ аз ҳама хатарзо қишри норозӣ дониста мешавад.

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи 20 май дар нишасти мақомҳои амниятии кишварҳои узви СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) дар Суғд гуфт, "ҳодисаҳои, ба истилоҳ, баҳори араб ва ҷанг дар Сурияу Ироқ, вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ, Украина ва атрофи он зуҳури таҳдидҳои нави ҳарбӣ ва ҷо додани он дар фазои иттилоотиро ба таври аёнӣ ба намоиш мегузоранд".

Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, "дар муборизаи давлатҳо аз барои манофеи худ "каҷравиҳо" - истифода аз зарифиятҳои норизоии ҷомеа, созмонҳои тундгаро ва эктремистӣ, сафарбариҳои ҳарбии хусусӣ - як амали маъмулӣ шудааст”.

Ба қавли Патрушев, ин гуруҳ (“Давлати исломӣ”) метавонад аз қишри норозии кишварҳои пасошӯравӣ истифода кунад. Қишри норозӣ дар ҳақиқат омили аз ҳама хатарзои иҷтимоӣ барои сарнагун шудани низомҳо ва табаддулоти давлатӣ мебошад. Намунаи барҷастаи он ҳаводиси “Баҳори араб” аст, ки ҳоло муҳим намебошад, ки ин ҳаводис худҷӯш буданд ё Ғарб роҳандозӣ мекард. Асл ин аст, ки қишри норозӣ омили калидӣ дар сарнагун шудани низомҳои 30-40 солаи осиёиву африқоӣ буд.

Дар кишварҳои ОМ қишри норозӣ ҳарчанд, ки дар асоси тадқиқоти мушаххас шиносоӣ нашудааст ва илман баҳогузорӣ нагардидааст, вале ба назар мерасад, ки хеле кам нестанд. Хусусан, ҳаводиси Андиҷони Узбакистон дар соли 2005, Жанозени Қазоқистон дар соли 2011, ду таҳаввулоти давлатии Қирғизистон ва чанд ҳодисаи хурди дигари Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин қишр хеле ҷиддӣ шакл гирифтаанд.

Қишри норозӣ қишреанд, ки бо амалкарди ҳукумат, мансабдорон ва ё сохторҳои алоҳида розӣ нестанд. Шакл гирифтани ин қишр нишонаи набудани адолат, риоя нашудани қонун, дуруст набудани роҳбарӣ, мавҷудияти коррупсия ва қонунӣ истифода нашудани зарфият ва дороиҳои давлат мебошад.

Норизоятӣ ҳама вақт вокуниш аст, посух аст. Ба сифати васоили эътироз ҳама зарфиятҳо (равонӣ, физикӣ ва зеҳнӣ) истифода мешаванд. Эътироз вокуниш ба шароити мавҷудияти инсон аст: агар шароит ба талабот ва озодиҳои дарунии инсон мувофиқ аст, норизоятӣ ва бархӯрд ба вуҷуд намеоянд. Вале агар шароит барои инсон созгор нест он ё эътироз мекунад ё итоат. Аз назари фалсафаи иҷтимоӣ эътироз нишонаи руҳи озодихоҳӣ, вокуниши озодӣ ба ноозодӣ аст.

Қишри эътирозгар бештар дар пайи омилҳои норозӣ будан аз низоми сиёсӣ, низомҳои саркӯбгари идоракунанда ва бисёр дур будани ҳокимият аз ҷомеа мебошад. Қишри норозиро бо силоҳи кимёвию, ҷанги бактерологӣ ва эъдом намешавад аз байн бурд. Саркӯб кардан ҳам дар кишварҳои гуногун натиҷа надод. Хусусан, таҷрибаи Мисри даврони Муборак инро хуб бозгӯ мекунад. Ҳамаи қишри норозиро намешавад ба маҳбас кашид ва ё бо зери фишор гузоштан аз онҳо халос шуд.

Қишри норозиро бояд шинохт ва онҳоро бояд розӣ кард. Дар ҳама кишварҳо барои кам кардани хатари қишри норозӣ ба субот ва амнияти давлат ҳамеша таҳқиқоти густарда ва илмӣ гузаронда мешавад. Дар Тоҷикистон чунин як таҳқиқот шуда ё не маълум нест, ба ҳар ҳол барои ҷомеа дастрас нашуд. Вале қишри муътариз дар Тоҷикистон ҳам шакл гирифтааст. Гуруҳи норозӣ аз ҳукумат ҳамеша ҷойе мекобад худро онҷо бизанад ва ҳаракатҳояшро шакл бидиҳад. Яке аз омилҳое, ки ҲНИТ дар соли 2010 дар интихоботи порлумонӣ райъи бештар гирифт худро ба онҳо задани ҳамин қишр дониста мешуд. Ҳамин ҳодиса бозгӯ кард, ки ҳама чиз мисле, ки “Шабакаи якум” нишон медиҳад нест ва қишри норозӣ ҷиддан шакл гирифтааст.

Ҳоло ки ниҳодҳои амниятии СПАД дар ҷаласаи худ дар Тоҷикистон қишри норозиро аз авомили эҳтимолие донистанд, ки дар баробари хатароти “Давлати исломӣ” омили барҳамзанандаи субот дар ин кишварҳо метавонад бошад. Таҷрибаи кишварҳои олам нишон медиҳад, ки ягон роҳи поин бурдани хатари ин қишр розӣ кунондани он аст. Роҳҳои розӣ кунондани он ҳам маълум аст. Вале як чиз дақиқ аст, ки саркӯб кардан яке аз ин роҳҳо нест.
Мӯҳр
Бехтарин макола
Афсус ки мансабдорони мо кобилияти дарки ин хамаро надоранд.

Муслим
Ассалому алайкум
Бале, бо Шумо мувофикам яъне кишри норозиро хам аз чихати модди ва хам аз чихати маънави бояд рози кард. Агар чанде сухан як неруи фавкуллода дорад аммо дар муддати тулони танхо бо неруи сухан розикунондан имкон надорад , амал лозим!

Офарин ИРШОДЧИК ("чик" иктибос аз "Пайк")!!!!! Локин шаф-шаф нагуфта ШАФТОЛУ мегуптен ... Яъне КИШРИ НОРОЗИш ЧИХО ва ё КИХО
бошанд аз назари ШУМО ????? Ба фикрам КИШРИ НОРОЗИ аз инхо иборат астен :
1) Мухочирон :1229324 нафар (1052295 мард ва177029зан) ;
2) Зиндониён (хисоботи омори надорен);
3) Бекорагон (махсусан бо дипломи "аъло" тамом када гаштен);
4) Аъзоёни ХНИТ тарафдорони он =13,4% интихобкунанда;
5) Аз мансаб рондашудагон (локин хело каме);
6) .... !!!!! ????? ёхатост -А ?

"Беҳтарин" роҳ саркӯб кардан аст дар ин шабу рӯзи Тоҷикистон. Ва то соли 2050 саркуб карданро идома медаханд. Эхтиёт бошенд

САЛОМ бародар Сулаймони ман яке аз хамфикрони шумо астам лекин бародар як хохиш дорам аз шумо он инаст ки ин давлат мисли шуморо бардошт намекунад барои хамин эътимод накунед ва худро нигох доред зеро чи кадар чавонхои моро ин режим набуд сост. Ман хамчун бародари имони аз калбам шуморо дуст медорам.

Иршодбово, вохима кардед! Таърих ку гулу надорад, аммо ин ДИ губоре дар пахнои пушти таърих нест. ДИ танхо бахонаи аст, аммо боз муносиб хам не. Факти дигар ин, ки бо гирифтани пул додани ваъдаи бошгох ба кафторони ДИ аз хамчаворони мо, аник аз "Лави ов" аст. Шояд ончо шунидед.
Вокеъан Хукумат муваззаф аст, ки чамеъаро хатман бояд эхтиром карда, талаботи уро конеъ кунад, аммо хамаи норозиёнро не. Хоса беморонро. Баъзан норозиёнро саркуб бехтар аст. Онхо хамеша як камчин карздоранд.

Валишох
"Дорад" хамин бача сахт гамхори миллат шудааст. Лекин намедониста бошад, ки "Мулк бе сиёсат намешавад" аз ин ру хамам норозихоро рози карда хам намешавад. Мо точикон ачиб мардумонем, шикамамон сер шуд аз Худо шукр мекунем, чун гурусна мондем камбудии Хукуматро мечуем ва шахсро гунахкор мехисобем.
"Дорад" миллат аз ин хел гамхорону аз НАХЗАТ барин сиёсатмадорон эхтиёт бошад.

ятим
Дар хаму давру замон кишри норози вучуд дорад. Хатто дар давраи подшохии хазрати Умар низ кишри норози буд. Агар саркуб накунед ба мисли Украина мешавад. Хамавакт хорхоро аз даруни гулзор тоза намудан даркор вагарна гулистон ба хористон табдил меебад...

Дар хаму давру замон кишри норози вучуд дорад. Хатто дар давраи подшохии хазрати Умар низ кишри норози буд. Агар саркуб накунед ба мисли Украина мешавад. Хамавакт хорхоро аз даруни гулзор тоза намудан даркор вагарна гулистон ба хористон табдил меебад...

Абдулло
Рости ман хушам наомад, ки хамин маколаро хонам рости. Ин гуна одамон худро босавод метарошан.Амал лозим амал хамика шоиру нависанда бисйор... Агар чанг шава бовар кунен инамитари булбулора аз Америка мейоби. Агар суханои хаминора тахлил куни бовар кун суханое йофт мешавад ки ба амали ин кас мутобик нест. Наход дигар чи гапи шава ов ов кунии? Ока босаводи ягон китоби илми навис дилта холи кун ки барои дигарро манфиат дошта боша охии хами гапи хавоира ки натона гуфта...Обод бошед!!! Ободии ватан мароми мост!!

амин
кишри норози? Аз чи ва аз ки норози. Фаромуш накунед ашхосе низ хастанд,ки аз таваллуди худ норозиянд. Инхоро чи кор бояд кард. Норозихоро медонем ё мансаб мехоханд ё пули зиёд. То кучо дилсузи чомеа буданашон хам маълум.

Иршод рост навиштааст, иложи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд....ин се-чор номарде ки навиштаҳои Сулаймонира танкид мекунанд хоинои амин сарзаминан...Пир шав Иршод, гапи роста навис, ин тоифа бузонеанд ки на гушт доранд на шир медиханд, танхо коршон нихолхоӣ ва агар нихол наёфтанд х...молй мекунанд

Мухтарам бародар Josef шояд чашми дили шумо хира шудааст. Навиштахоятон бемулохиза... Магар соли 92ро фаромуш кардед? Дар ягон давлати руи дуне хама аз хукумат рози нестанд чи бояд кард? Агар хамин мансаб ба шумо е каси дигар расад хам худро мебинед на дигаронро! Ман ягон мансабдор е фарзанди мансабдор нестам. Ман як омузгоре,ки маошам хатто ба худам басанда нест. Ман хам мехохам 200-300 долар маош бошад, нест чи илоч!

Мухтарам бародар Josef шояд чашми дили шумо хира шудааст. Навиштахоятон бемулохиза... Магар соли 92ро фаромуш кардед? Дар ягон давлати руи дуне хама аз хукумат рози нестанд чи бояд кард? Агар хамин мансаб ба шумо е каси дигар расад хам худро мебинед на дигаронро! Ман ягон мансабдор е фарзанди мансабдор нестам. Ман як омузгоре,ки маошам хатто ба худам басанда нест. Ман хам мехохам 200-300 долар маош бошад, нест чи илоч!

Иршод ту фолбини асри 21 мебоши,ки ин кадар худро намоиш дода истодаи.Солхои 90-ум мисли ту як фолбини дигар бо номи Аслиддин соибназаров буд ва мисли фолхои имрузаи ту пешгухо мекард ва окибаташро дидем.Мардум як бор хато кард ва окибаташро дид биё гаразхоро яксу гузошта мардумро бо ин гапхо бемаъне ва беасос гумрох накун.Зинда бод дустии халкхои СНГ ва СПАД дигар ягон кувва сулхи моро халалдор намекунад.барои хамин хап шин дахони пушида сад танга.

СПАД
Офарин Иршод! бузбалахои буздил кати пешрафт намешаад1

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)