Ваҳдат: Аз фейерверку 100 духтари замонавипӯш то супориш ба Қунғуротзода

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба тасвиб расонд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ раиси Душанбе Убайдулло Раҷабовро коргардон-таҳиягари намоиши бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе таъин карда, ӯро вазифадор кардааст, ки иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъмин намояд. Тибқи қарори имзокардаи Убайдуллоев инчунин дар рӯзи Ваҳдат давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. Тибқи нақшаи тасдиқкардаи раиси Душанбе дар баробари ороиши зоҳирии шаҳр инчунин дастур дода шудааст, ки 200 духтар бо либоси миллӣ ва рамзи Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин карда шаванд. Яке аз бандҳои ин нақша инчунин “таъмини 100 духтар бо сару либоси мӯди навин” мебошад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори раёсати корҳои дохилии Душанбе полковник Фотеҳ Қунғуротзодаро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе назорати иҷрои дастуроташ барои таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба зиммаи муовинаш-Ҷамила Лангариева вогузор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |