Фатво ва далелҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон алайҳи ДИИШ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо содир кардани як фатво пайвастан ба саффи гуруҳи террористиии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ-ро аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром эълон кард.
Дар матни фатвои Шӯрои уламо аз ҷумла таъкид шудааст, “шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳи бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” ва ширкат дар амалҳои ба ном “ҷиҳод” тибқи далелҳои шаръӣ хилофи аҳкоми шариат ва гуноҳи кабира маҳсуб шуда, резонандаи хуни ба ғайриҳақ дар рӯзи Қиёмат мустаҳиқи азоби дарднок мегардад”.
Масъулини шӯро иддаои Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ, ки ахиран бо ташкили гуруҳе худро халифаи тамоми пайравони дини мубини Ислом эълон кард, фитна ва тафриқаандозӣ миёни мусулмонон хондаанд: “Ислом эълони хилофат бидуни гузаронидани шӯро ҷоиз нест. Ҳеч шахс ё гурӯҳ ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва гузаронидани Шӯрои мусулмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иҷмои мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна мебошад, зеро аксари мусулмонони дигарро, ки бар он мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад. Ин амр сабаби ташкили чанд хилофати дигари ба ҳам муқобил мегардад, ки дар интиҳо ба барпо шудани исёну ошӯб ва тафриқаандозии мусалмонон оварда мерасонад”.
Ба қавли онҳо, гуруҳи “Давлати исломӣ” як созмони тундраву ифротие мебошад, ки барои пиёда кардани манфиатҳои абарқудратҳо бо истифода аз муқаддасоти мусулмонон ташкил шудааст.
Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки маҳз “кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд, ҷоиз донистани рехтани хуни мусулмонон, иззату обрў, таҷовуз ба номуси занону духтарони онҳо, қатли ом, бераҳмона сар задани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, тарконидани масҷидҳо, ғулом намудани занону кўдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон, талаву тороҷи мардум, аз номи Ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳо ҳаромкорӣ ва беадолатиҳои дигари ДИИШ” далели равшане ба гуфтаҳои боло мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |