Бахшҳо

Ҳайкалбозӣ ё вақте “дил дар мағзи сар ҷо дорад”

Сайф Сафар

Фиръавнсозиҳои асри навин дар ҳоле ҳастанд, ки тамоми илму адабиёту ақлу мантиқи ҷаҳон ба амалкарди фиръавнҳо нафрат мехонад.

Раисиҷумҳурми пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, ки шалоқзаниҳо бар ҷигари ҳайкалу тандисҳои Ленинро бо чашми сар дид, бо расидан бар курсии раёсатиҷумҳур ҳайкалу нимпайкараҳои бешуморро аз худ барои шалоқ задан сохт. Ҳамаи ин кифоят накард ва бо як қарори маҷлис ба унвони “Туркманбошӣ” мушарраф шуд. Акси ӯ сари дари ҳар дафтари ҳукуматиро зеб медод. Тандисаш дар телевизиюн, нашрия, бастаҳои колоҳои саноатӣ, бутали арақ ва чанд чизҳои дигар ба арзонӣ ба чашм мехурд. Теъдоди тандисҳои Сафармурод 14 ҳазор ҳисоб шудааст. 5 бор Қаҳрамони Туркманистон “Алтин Ай” сарфароз шудааст. Ҷудо аз ин ҳама “қадрдонӣ”-ҳо Ниёзов қаламбадаст шуду барои миллаташ китоби “Руҳнома” навишт. Қадру манзалати ин китоб дар як ҷумлаи Сафармурод ба роҳатӣ хулоса мешавад. Ӯ гуфтааст: “Замоне, ки ин ҳар ду ҷилди “Руҳнома”-ро ба анҷом расондам, аз Худованд хостам, ки ҳар касе ин китобро соате субҳ ва шом бихонад, ӯро дар биҳишт ҷойгузин кунад”. Тамоми ин корҳои Сафармурод Ниёзов пеши Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов арзише надошт ва ӯ ҳам хуб шалоқ зад. Тандиси раисиҷумҳури пешин аз телевизиюнҳо нопадид шуд, тадриси “Руҳнома” дар мактабҳо то як соат расид, имтиҳони дохилӣ аз ин китоб лағв шуд. Аммо! Ту гӯӣ, ин мард шалоқзаниҳояшро фаромӯш карду дар “Рӯзи шаҳр”-25-уми майи имсол аз ҳайкали 21 метрии зарандуди худ парда бардошт. Яъне, барои раисиҷумҳури оянда чизе барои шалоқ задан бошад. Ин тамоюли шахсиятпарастӣ хоси тамоми кишварҳои Осиёи Миёна аст, вале ҳар кадом ба шеваи хос.

Нурсултон Назарбоев, дарозумртарин раиси ҷумҳур дар паҳнои Шӯравӣ ва дорандаи унвони расмии “Пешвои миллат”-ро ҳам наметавон аз ин қатор берун кард. Таҷлил аз ҷашни “Раисиҷумҳури нахустин”, нимпайкараҳои бешумор дар макотиби Қазоқистон ва ҳарфҳои иғроқомези вазиру кабир дар ҳаққи Назарбоев шахсиятпарстии атрофи ӯро таъйид мекунанд. Владимир Нехорошев, намояндаи пешини парлумони Қазоқистон аз ҳизби “Нур Отан” барои Назарбоев чунин гуфтааст: “Имрӯз мардум барҳақ мегӯянд: ӯ одами сол нест, одами аср аст! Раисиҷумҳури нахустини мо баракати Худованд аст! Ту гуӣ, дили ӯ дар мағзаш ҷой дорад! Аз ин рӯ ҳар амалаш амиқан тарҳрезӣ шудааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар тасмимҳои ҳакимонаи ӯ намешавад шак кард”.

Ҷаноби Нехорошев дар ин гуфтаи худ як ҳарфи “хороший” гуфтааст. Ин, ки мегӯяд дили Назарбоев дар мағзаш ҷойгир аст, ноҷо нест. Вақте ки дил ба ҷойи мағз шуд, дигар ҳамаи тасмимҳо аз рӯи эҳсос гирифта мешаванд, на мантиқу суду зиён.

Тоҷикистон ҳам аз мавҷи шахспарастии кишварҳои пасошӯравӣ канор нест. Мадҳу саное, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳояш хонда мешавад, чандин китобҳои ба ӯ бахшидаи шоиру олиму нависандаҳо, ин ҳама аксҳои бузургаш дар мактабу донишгоҳу идороти давлативу ҳуҷраи кори мансабдорону хиёбонҳо нишонаҳои қувват гирифтани ин шахспарастиянд. Ҳарчанд раиси ҷумҳур дар суханрониҳову дидорҳояш аз мақомдорони кишвар тақозо мекунад, ки барояш мадҳ нагӯянд, аммо вазъ тағйир намеёбад. Вале бо фарқ аз дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон барои раиси ҷумҳур то ҳол тандис гузошта нашудааст, ҳарчанд ин гуфтумон боре расонаӣ шуд. Раиси ҷумҳур чанд бор таъкид кард, ки тоблуҳои азими аксҳояш гирифта шаванд, аммо ҳанӯз дар шоҳроҳҳо ба чашм мехӯранд.

Иқдоми ахире, ки мехостанд ба мавҷи шадиди шахспарастӣ Эмомалӣ Раҳмонро бикашонад ин буд, ки як академик ва як декани факулта мехостанд ба ӯ унвони расмии “Пешвои миллат” дода шавад. Ҳарчанд шуморе аз олимони тамаллуқзан бо навиштаҳои худ дар саҳфаи расонаҳо ин пешниҳодро оқилонаву орифона гуфтанд, вале боз ҳам хиради азалии миллати тоҷик бо тафовут аз ҳамсояҳои бодиягарди собиқ боло гирифту ин пешниҳод дар сатҳи расмӣ пазируфта нашуд.

Вале ҳама медонанд, ки баҳои воқеиро ба шахсиятҳо таърих медиҳад. Шамоли таърих бисёр шадид аст, ки қудрати баркандани тандису лавҳу тиллокориҳои нозарурро дорад. Таърих ба диле назар мекунад, ки дар сина аст, на дар сар.

PS. Чун гапи “хороший”-и Нехорошевро хондам як лаҳза аз барномаи рақобатии “Ситораи афғон”-и телевизиони Тулуъ ёдам омад. Дар барнома як иштирокчие буд бо номи Маҷиди Анхӯйӣ. Доварон аз ӯ эрод мегирифтанд, ки сурудро бо бинияш мехонад. Як рӯз, муҷрии барнома ба ӯ гуфт: -Маҷидҷон, ҳамин ки доварсоҳибо меган ту ба биният мехонӣ, бош ки, бибинам бо гулӯят дар биният набошад!
Мӯҳр
хонанда
Аҳаҳаҳаҳаҳҳаҳаҳҳа

сино
Бисёр мақолаи ҷолиб.

Шахрванд
Не ки худат хороший гуфти..Сайф Сафар. Ба пеш!

У бача, ту ки суханони моро меги, телфизиуни мора саъи мекни...бибин боз толиб нашаи. хонанда,

ТОЧИК
Харзае беш нест, хар чи донад маззаи канду набот....

Аъроби аз Миср
Фиръавнхои асри мо.......ниёз ба Хазрати Мусо бо асояш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)