Сухани Пан Ги Мун ба ҳукумати Э.Раҳмон мегузарад?

Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, ки ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон меояд, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаи тасвиби Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба миён хоҳад гузошт.
Дар ин бора Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми июн дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кор бо маъюбон хабар дод. Ӯ дар посух ба нигаронии намояндагони созмонҳои кор бо маъюбони Тоҷикистон, аз он, ки ҳукумати кишвар солҳо боз аз тасвиби Конвенсияи маъюбон худдорӣ мекунад, изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда Пан Ги Мун ба Тоҷикистон меояд ва дар назар аст, ин масъаларо низ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар миён гузорад. Эллиот изҳор дошт, ки ироаи ин масъала аз ҷониби дабири СММ вазни бештар дорад.
Ба гуфтаи сафири Амрико тасвиби Конвенсияи мазкур барои маъюбони тоҷик шароити беҳтари кору зиндагиро фароҳам меорад. Ӯ дар посух ба шикояти намояндагони созмонҳои кор бо маъюбон, ки дар биною иншооти навбунёди Тоҷикистон имкониятҳои маъюбон сарфи назар мешаванд, изҳор дошт, ки бештар аз биноҳои куҳна дар кишвар нигарон аст: “То ҳол дар ягон мактаб надидам, ки барои маъюбон шароити комил фароҳам бошад”.
Ин дар ҳолест, ки эътилофи созмонҳои ҷамъиятии ҳомии маъюбон, борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расонад.
Ин Конвенсия, ки моҳи декабри соли 2006 қабул ва аз майи соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст, ба маъюбон имтиёзҳои зиёд барои табобат, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кӯмакрасон ва ғайра пешбинӣ мекунад.
Айни ҳол ин конвенсияро 155 кишвари дунё имзо намуда, 130 кишвари дигар аллакай онро ба тасвиб расондаанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз тасвиби конвенсия худдорӣ мекунад ва далели он камбуди маблағ арзёбӣ мешавад, чун баъди тасвиби конвенсия ҳукумат уҳдадор аст барои маъюбон имтиёзҳоро фароҳам орад ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобот диҳад, вале барои ин маблағ надорад. Масъулини созмонҳои кор бо маъюбон мегӯянд, камбуди маблағ баҳонае беш нест ва барои тасвиби ин Конвенсия танҳо иродаи сиёсӣ зарур аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |