Расонаҳои Миср: Муфтӣ низ хостори эъдоми Мурсӣ шуд

Бархе расонаҳои хабарии Миср аз ҳимояти Шавқӣ Аллом, муфтии ин кишвар аз ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсию беш аз 100 ҳаводораш хабар додаанд.
Аксари ин расонаҳо субҳи 2 июн такя ба манобеи муътамади худ дар Идораи муфтиёти Миср навиштаанд, ки раҳбари ин ниҳод низ хостори эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ва пайравонаш шудааст.
Гуфта мешавад, Шавқӣ Аллом ҷонибдории худ аз ҳукми эъдоми раисҷумҳури пешини Мисрро бо ирсоли як нома субҳи 2 июн ба мақомоти кишвараш баён доштааст. Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳеч ниҳоди расмии Миср ин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накардааст.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.
Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира рӯзи 16 майи соли равон бо қабули як қарор Муҳаммад Мурсӣ ва беш аз 100 ҷонибдорашро ба эъдом маҳкум карда, иҷрои ин ҳукмро барои таъйид ба муфтии Миср пешниҳод кард ва қарор аст, назари Шавқӣ Аллом дар мавриди ин ҳукм имрӯз 2 июн эълон шавад. Бояд гуфт, бар асоси ин қарори додгоҳ, Мурсӣ ва ҷонибдоронаш дар созмондиҳии ҳамлае ба яке аз зиндонҳои Миср дар соли 2011 айбдор дониста мешаванд, ки худи раисҷумҳури пешини Миср тамоми иттиҳомот алайҳи худро рад карда, хешро раисҷумҳури мунтахаб ва қонунии кишвараш медонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |