Худовезии се сокини Суғд дар як рӯз
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон се ҳодисаи худкушӣ дар як рӯзро дар вилояти Суғд ба қайд гирифтаанд.
Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рўзи 28-уми майи соли равон як марду ду зан даст ба худкушӣ задаанд: «Тақрибан соатҳои 9-и бегоҳ наздикони сокини 40-солаи ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади ӯро пайдо кардаанд, ки бо роҳи худовезӣ ҷон додааст”.
Ба иттилои манбаъ ду ҳолати дигари худкушӣ худи ҳамон рӯз дар навоҳии Ҷаббор Расулов ва Панҷакент сабт шудааст: «Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷавонзани 22-сола, оиладор бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст. Бо ҳамин васила сокини 58-солаи ноҳияи Панҷакент низ дар хонааш ҷон додааст».
Мақомот дар мавриди сабаби даст ба худкушӣ задани ин афрод, изҳор медоранд, ки феълан таҳқиқи қазияҳо идома дорад. Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли равон дар қаламрави вилояти Суғд хабари даст ба худкушӣ задани беш аз 20 нафар расонаӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |