Сафари Абдулризо Раҳмонӣ ба Душанбе ва мулоқоташ бо мақомҳои баландпояи кишвар
Абдулризо Раҳмонӣ Фазлӣ, вазири кишвари Эрон дар доираи як сафар ба Тоҷикистон меояд.
Расонаҳои эронӣ ҳадаф аз ин сафари вазири кишвари худ ба Тоҷикистонро иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай арзёбӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, Абдулризо Раҳмонӣ Фазлӣ дар ҷараёни ин боздиди худ аз Душанбе бо мақомҳои баландпояи кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намояд.
Ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз 4 то 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва иштироккунандагони муколамаи СҲШ иштирок хоҳанд кард
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |