Қурби доллар дар Тоҷикистон боз боло рафт

Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт. Субҳи 2 июн дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,45-6,47 сомонӣ нишон дода шудааст.
Аммо тавре хабарнигори "Озодагон" аз хиёбонҳои Душанбе иттилоъ дод, дар аксари саррофиҳои пойтахт як доллар 6,47-6,48 сомонӣ харидорӣ ва то 6,55 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки дирӯз 1 июн арзиши як доллар 6,40-6,42 сомониро ташкил медод.
Ин ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми майи соли равон дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд ва масъулини Бонки миллии кишвар низ дар шарҳи ин хабар гуфтанд, “Сабабҳои паст шудани қурби долл. ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба долл. ИМА-и нақдӣ кам кард”.
Қурби рубли русӣ, ки дар пайи поин рафтани нархи доллар арзиши он коҳиш ёфта, 1000 рубл баробар ба 105 сомонӣ шуда буд, имрӯз, 2 июн дар лавҳаи саррофиҳои Душанбе ҳазор рубл 120-121 сомонӣ нишон дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |