Баъди 17 сол: Генерали воломақоми Узбакистон ба Душанбе меояд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз 4 то 6 июн вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва иштироккунандагони муколамаи СҲШ барои ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви ин созмон ба Тоҷикистон меоянд.
Ба иттилои мақомот аз ҷумла иштироки генерал-лейтенант, Адҳам Аҳмадбоев, вазири умури дохилии Узбакистон дар ин ҷаласа дар Душанбе дар назар аст. Гуфта мешавад, ки ин нахустин сафари вазири умури дохилии Узбакистон ба Тоҷикистон дар 17-соли охир аст. Охирин сафари вазири корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон тобистони соли 1998 сурат гирифтааст, ки он замон дар ин мақом генерал-полковник Зокир Алматов қарор доштааст.
Дар баробари вазири Узбакистон дар ҷаласаи Душанбе инчунин иштироки генерал-полковник, вазири умури дохилии Русия-Владимир Колоколтсев, вазири дохилии Қирғизистон, Мелис Турғонбоев, вазири дохилии Қазоқистон Қулмуханбет Қосимов ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин-Го Шенкун ва вазири дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |