Нашри «ДАРГИЛМОДАК»- намунаи фолклор ва адабиёт ба забони рӯшонӣ
Дар шаҳри душанбе китоби “Даргилмодак” намунаи фолклор ва адабиёти рӯшонӣ ба нашр расидааст, ки ҳовии фолклор ва адабиёт ба яке аз қадимтарин забонҳои помирӣ – забони рӯшонӣ мебошад.
Китоби “Даргилмодак” дар таҳияи Лутфишоҳ Қиматшоев, зери назари доктори улумуи филология Назрӣ Офаридаев ва бо пуштибонии молиявии созмони “Равшандилон” дар 140 саҳифа ба табъ расидааст.
Гуфта мешавад, ки ин китоб намунаҳои фолклор ва адабиётро ба забони рӯшонӣ аз охири қарни XIX то имрӯзро дар бар мегирад.
Ба гуфти ноширини китоб забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбати соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст.
Дастандаркорони нашри ин китоб ҳамчунин гуфтааснд, ки “нашри ин китоб маҳсули ҳамаи он ҷасрату армон ва андешаву ниятҳое аст, ки дар қиболи мушкилоти забонҳои зиндаи бехати помирӣ зуҳур кардаанд. Албатта, «Даргилмодак» даъво ва ҳукми китоби илмию тадқиқотиро надорад, балки ҳамагӣ маҷмуъаест иборат аз намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ, ки шояд барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеи ҳуввияту худшиносӣ ва барои муҳаққиқон ба ҳайси маъхаз хизмат расонад. Забони модарӣ санади муътамади асолату ҳуввияти ҳар як халқу миллат маҳсуб мешавад ва арҷ гузоштан ба он дар ҳукми қарз ва фарз аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |