Кӯдакии тақсимшуда

Иршод Сулаймонӣ
Мо ҳамеша нигарон ҳастем, кӯдак дар оянда кӣ мешавад, вале фаромӯш мекунем, ки ӯ имрӯз чӣ касе аст.
Стасиа Тошер
Якуми июн Рӯзи кӯдакон аст. Кӯдакӣ як давраи поки ҳаёти инсонист. Ҳама талош мекунанд, ки аз кудакони худ пуштибонии дурусти иқтисодиву маънавӣ дошта бошанд, то онҳо шахсияти шоиста ба камол бирасанд. Нигаронӣ ҳама ин аст, ки маълум нест ин тифл чӣ касе дар оянда мешавад. Вале камтар ба ин меандешем, ки дар имрӯз онҳо кистанд?
Вақте шеъри шоири хуби мо, Абдувоҳиди Зевар ду сол пеш, бо номи “Фоҷиаи манзуми миллат” нашр шуд, ҳамагӣ аз он истиқбол карданд ва чорае ҷуз истиқбол надоштанд. Вазъи имрӯзини аксари кӯдакони моро ин шеър бо забони бисёр сода, вале бадарду воқеӣ мегӯяд. Дар ин манзумаи кӯтоҳ вазъи кӯдакие тасвир шуда, ки ман онро “кӯдакии тақсимшуда” номидам. Масалан:
Аз мулки ғарибӣ даст шӯед, додо,
Гулҳои умеди худ бибӯед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт "сағир"
Маънои сағира чист? Гӯед, додо!
Аз нигоҳи равоншиносӣ кӯдак бисёр нозук аст, хеле зуд зери таъсири омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор мегирад. Шароити ҳоким дар ҷомеаи мо ҳам, бо таассуф таъсирашро болои кӯдакҳо гузошта. Ҳоло кӯдак ҷойи ин ки мактаб бихонад, дар бозор салафан мефурӯшад, ҷойи ин ки барои чӣ китобе хондан фикр кунад, дар хиёбонҳо мошиншӯйӣ мекунад, испанд дуд меандозад, гадоӣ мекунад, диски филмҳои туркии “Водии гургон”-у “Садоқат” мефӯрӯшад.
Гузашта аз ин, кӯдаки тоҷик имрӯз фарзанди муҳоҷир аст. Кӯдакони мо кӯдакии худро тақсим кардаанд. Солиёни дароз чеҳраи падарро аз “MMS”-у Skype ва Viber мебинанд ё садояшро аз телефонҳои мубойл мешунаванд. Баъзан падарони муҳоҷир бо кӯдакони худ дар “Одноклассники” ва Фейсбук вомехӯранд ва шинос мешаванд. Худи кӯдак бо эҳсосоти ботинии худ ҳамеша бо ёди падаре, ки дар 6 моҳ як бор, баъзан дар 1 сол як бор, бештар дар 2 сол як бор ва хелеҳо дар чанд сол як бор мебинандаш, бузург мешаванд. Ва чун соҳиби ақли бештар мешаванд равони худро барои рафтан ба муҳоҷират мутобиқ менамоянд. Ҳатто медонанд, ки агар ному насабашон дар шиноснома бо пасвандҳои -ов ва -вич набошад, Русия рафтан наметавонанд. Кӯдакони мо аксарият бо тафаккури истеъморӣ бузург мешаванд. Ҳоло, шӯрбахтона як қисм кӯдаки тоҷик пеши бибияш мемонаду модараш ҳам ба муҳоҷират меравад. Сарнавишти инҳо чӣ қадар талх аст. Ҷойи он ки кӯдак дар бораи вазифаи хонагии муаллим супурда фикр кунад, ин фикрро дорад:
Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мӯхтоҷ ба костуму бурук аст, додо.
Баргирифта аз муҳит ва фазое, ки мо дорем кӯдак кӯдакии худро тақсим кардааст, шахсияти кӯдакро мо инкор кардаем. Мушкилоти мавҷуд аксари кӯдаконро дар фикри зндагии афсонавӣ ба “зомбӣ” табдил кардааст. Дар қисмати бештари Тоҷикистон ҳудуди ним сол, чун кудак вақте мактаб рафтан мехоҳад, барқ нест, хӯрокаш хунук, хона хунук, мактабаш хунук, фазо хунук ва аз кудакӣ дилшкаста мешавад.
Кӯдаки тоҷик ба шароити хуб ниёз дорад, ба муҳите, ки дар оғуши падар бузург шавад, фазое, ки шахсияти кӯдак инкор нашавад. Ман тасмим доштам, ки ин ҳафта ҷойи ин ҳама ҳарфҳои пароканда (аз таъсири зиндагии сахту сангини кӯдакон) ҳамон манзумаи Абдувоҳиди Зеварро дар сутунам нашр кунам, вале маълум гардид, он манзума соле пеш дар “Озодагон” нашр шуда.
Гуфтаи як профессори адабиётамон дар дарс ёдам меояд, ки ба мо гуфта буд: Турсунзода аз таъсири ҳоли зори кӯдаки ҳиндӣ достони “Сайёҳи Ҳинд”-ро навишт ва агар зинда мебуд аз ҳоли зори кӯдаки тоҷик дилаш мекафид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |