Бахшҳо

Кумитаи амният иттилоъ дар бораи шарикони Ҳалимовро рад кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилои хабаргузории “ТАСС”-ро дар мавриди ҳамроҳони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон рад кардааст.

Тибқи иттилои маркази равобити ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иттилои “ТАСС”, ки аз қавли манобеяш дар Кумитаи амният хабар додааст, гӯиё Ҳалимов бо худ ду нафари дигарро ба Сурия бурдааст, асос надорад. Кумитаи амният мегӯяд, чунин иттилоъро надорад ва аз масъулини ин ниҳод касе дар ин бора ба расонаҳо хабар надодааст.

Қаблан хабаргузории "ТАСС" аз қавли манобеяш дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ дод, ки Ҳалимов бо ду ҷонибдораш ҳанӯз охири моҳи апрел ба Сурия рафта, ба созмони террористии "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Манбаъ изҳор доштааст, ки феълан Додситонии кул алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, амалиёт барои муайян кардани шахсияти ду нафар ҳамроҳаш идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бахши кофтукоби сомонаи пулиси байналмилалӣ ё худ “Интерпол” эълон дар бораи кофтукоби Гулмурод Ҳалимов нашр шуд, вале субҳи рӯзи 1-уми июн ин эълон аз сомона гирифта шудааст. Дар он эълон гуфта мешуд, ки Ҳалимов дар узвият ба созмони террористӣ муттаҳам мешавад: "Гулмурод Ҳалимов 1,8 метр қад, 80 кило вазн ва мӯи сари сиёҳ дошта, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад". Пулиси байналмилалӣ аз афроде, ки дар бораи ӯ иттилое доранд, хоста буд, ки ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод. Ӯ хатмкарда Академияи ВКД-и Тоҷикистон буда, дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст.

Пуҷа Ҷҳунҷҳунвала, сухангӯи гуруҳи амниятии Вазорати умури хориҷаи Амрико дар суҳбат бо “CNN” таъйид кардааст, ки воқеан полковник дар 5 давраи омӯзишии зиддитеррористӣ дар Амрико ва Тоҷикистон иштирок кардааст. Ин мақоми Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, Ҳалимов дар заминаҳои ҳолатҳои зиддибуҳронӣ, мудирияти тактикии руйдодҳои махсус ва раҳбарии тактикӣ омӯзиш дидааст. Ба ин тартиб як мақоми амниятии собиқ бо номи Майкл Бреен ба CNN гуфтааст, ки “ин кор хеле хатарнок аст, вақте ки як мақоми аршади зиддитерористӣ террорист мешавад”. Паул Шаре, як низомии собиқ ба CNN гуфтааст, ки Ҳалимов на танҳо ҷангҷӯёни ДИИШ-ро омӯзиш медиҳад балки метавонад дар ҷалб кардани дигарон ба ин гуруҳ кумак кунад.
Мӯҳр
сино
Ин аст натиҷаи фишор овардан ба мусулмони кишвар,ҳукумат иқрор шавад ки гунаҳкор фақат онҳост.

Довуд
Бояд тахлили хамачониба бурд. Барои чи одами аз чихати чисмони ва аклони обутобёфта, донандаи хуби забони руси ва англиси, сохиби рутбаи Полковник, сохиби зану 8 фарзанд, сохиби хонаву дар, вазифа баланд дар макомоти МВД, сохиби мошини хуб (шояд метавонист оянда вазифаи баланд ва сохиби рутбаи генерали шавад) ба ИГИЛ пайваст. Барои чи?????

Фаррух
НЕСТ!
Мухтарам Хабарнигорони Озодагон, магар ин хабар дуруг аст, чун дар interpol.int ягон шахс бо номи "Gulmurod KHalimov" дар кофтуков нест?
метонед url-link нависед?

fed
Dar hakikat diruz man dida budam ammo imtuz nest shudaast.
imruz inxel shax nedt dar in web
Dar injo chi gapi hast

шахрванд
Фаррух ин чоро пахш кунед.. https://www.interpol.int/notice/search/wanted/2015-35977 ..журкахора дуруг гу набароред..онхо хар корро санчида мекунанд ва хар суханро санчида мегуянд..

Кулоб
одами беномус бародарша мебини дилут месуза ахли оилаш сархам бо хами гап мезана Шарм бдор агар мард мешиди аввал оилаи хта химоя мешиди ту гами оилаи хта нахурди таги аловшон монди дилт насухт гами мамлаката мехри

Ба Сино. Одамон тут гуянд, ту бед мегуй!!!Хайронам, ин номи Синоро ки ба ту гузоштааст???? Барои ободии Ватан фидоии Ватан шудан даркор, на беномуси ватанфуруш, хоину аблах барои молу мулк. Ин Гулмурод на танхо худро бо авлодаш фурухт, балки номи точиконро паст задааст, боз ба Ватану модари худ чиход эълон мекардааст, ин Гулмурод тамоман девона шудааст. Семья не без уродов, бародарон...

Маълум буд, маълумотхои бардуруги ТААС.

Салом дар сайти интерпол ихели инсон дар чусту чу нст братаной дуруг гу саломат бошед жулики fellow

Агар ин полковник бо супориши махсуси идорааш ба Сурия фиристода нашуда бошад (баъзан ҳамин тавр ҳам мешавад!), ӯ ғайр аз аблаҳ ва ноқисулақл будан, каси дигаре нест. Ба ин бояд мардонавор иқрор шуд. Аз ҷониби дигар, оё ВУД кишвар қоил аст, ки шахси камақл (касалӣ) муддате афсари аршад ва қумондони таъиноти махсусаш буд? Кӣ мегӯяд, ки думи ГОВАМ каҷ аст (буд)! Ҳама медонанд, ки барои дар ин вазифа кор кардан аз санҷиши амниятии давлат, аз он ҷумла аз назорати тиббӣ бо тамоми нозукиҳояш, мегузаранд. Бо доштани кучактарин камбудӣ, номзад набояд гузарад. Ин як проседураи муқаррарист. Саволе ба миён меояд, ки ӯро кӣ тафтиш ва ба номзадияш санксия (иҷозат) дода буд? Кадом психиатр ё дигар духтурон зери тансиҳатиаш имзо гузошта буданд? Ӯ, шояд, ба ҳамаи ин меъёрҳо ҷавобгӯ буд. Шояд. Ин тавр бошад дурӯя будааст! Шахси солимақл барои ақида шуда, зану 8 фарзанду вазифаи давлатиро хоинона тарк намекунад. Ки медонад, ба террористони "давлати исломӣ" ҳамин хел аблаҳон даркоранд? Як моҳ пас мӯю ришу фашаш як метр шуда, ҳама ҷояшро шабӯш зер мекунанд, аз чиркиниву ношустагӣ. Гориллаи тап-тайёр мегардад. Ӯ ки забони англисиро балад аст, бояд фаҳмад; ҷангиёни биёбониро бо англисӣ guerilla мегӯянд, яъне, бандит. Аз як полковники озодаву хушқаду қомати тоҷикӣ ӯ ба як бандити биёбонҳои араб табдил шуд.
Акнун пеши ниҳодҳои амниятии кишвар вазифаи басо пурпечутоб қарор дорад. Бояд ҳар як мансабдори двалатӣ, махсусан низомиён, дубора аз тафтишот гузаранд, ки байни онҳо муштоқони горилла шудан набошанд. Инро аз сӯҳбатҳо бо ҳамкорон муайян кардан мумкин. Шояд касе нохост симпатияи худро ба бандаи ДИИШ изҳор мекунад. Як бору ду бор не, чанд маротиба. Ӯ бояд зери назорати амниятӣ қарор гирад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)