Ҳайати Тоҷикистон зидди Урдуну Банғола муайян шуд

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон исми бозигароне, ки дар марҳалаи тахассусии Ҷоми Ҷаҳон-2018 бозӣ мекунанд, муайян намуда, онҳоро барои рақобат дар ин мусобиқа даъват намудааст.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад Муҳаммадиев барои рақобати мунтахаби кишвар бо Урдун (11 июн) ва Банғола (16 июн) 26 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро интихоб кардааст, ки аз ин ҳисоб 23 нафарашон ба рӯйхати асосӣ ворид мешаванд. Ба иттилои манбаъ бозигарони тими мунтахаб асосан аз тими “Истиқлол”-16 нафар буда, инчунин бозигарони 5 дастаи маҳаллӣ ва ду легионер Фарҳод Восиев аз дастаи “Газовик” - Оренбург ва Давронҷон Эргашев аз тими “Жетису”-и Қазоқистон даъват шудаанд.
Омодагии тими миллии кишвар барои бозӣ дар марҳилаи тахассусии Ҷоми Ҷаҳон-2018 аз имрӯз оғоз шудаанд. Ҳайати тими миллии кишвар чунин аст;
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев, Қурбонали Бобоев ( “Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”);
Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев (“Газовик”, Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов (“Регар-ТадАЗ”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (“Истиқлол”), Қувватбек Равшанбеков (“Вахш”);
Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (“Хуҷанд”); Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (“Хуҷанд”), Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”);
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |