Ҳушдор ба сокинони “Асфалтний”: То се рӯз хонаҳоро холӣ кунед
Бархе аз сокинони кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” мегӯянд, ки намояндаи ҳукумати ноҳия ба онҳо огоҳнома овардааст, ки дар муддати се рӯз хонаҳояшонро тарк кунанд.
Алибахш Бахшиев, сокини ин кӯча ба “Озодагон” гуфт, ки намояндаи ҳукумати ноҳия ба онҳо огоҳномаи мақомотро оварда ва ҳамчунин ба шакли шифоҳӣ гуфтааст, ки то се рӯз хонаҳояшонро тарк кунанд вагарна хонаҳояшон бо булдозер тахриб хоҳанд шуд: “Ба мо, дирӯз огоҳномаро оварданд, вале мо то барбар ба арзиши хонаҳомон ба мо маблағ ё хона надиҳанд мо хонаҳоямонро тарк намекунем. Тамоми сокинони ин кӯча ҳамин гапро ба намояндаи ҳукумат гуфтанд”.
Бояд гуфт, ки қарор аст дар ҷойи хонаҳои зисти ин сокинон як иншооти давлатӣ бино шавад, вале сокинони мегӯянд, маблағи пешниҳоднамудаи давлат бар ивази арзиши манзилҳо хеле ночиз аст ва онҳо розӣ нашудаанд, ки бар ивази ин маблағ хонаҳояшонро тарк намоянд.
Дар маҷмӯ аз ин кӯча бояд 18 хонавор ва чанд идораву корхонаҳои хурди тавлидотӣ кӯчонда шаванд.
Ин сокинони маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” мегӯянд, аз тасмими мақомот барои кӯчонидан мухолиф нестанд, вале талаб доранд, ба онҳо баробар ба арзиши хонаҳояшон пул ва ё манзил барои иқомат дода шавад. Алибахш Бахшиев, сокини 64-солаи ин маҳалла мегӯяд, онҳоро рӯзи 21-уми май ба ҳукумати ноҳияи Сино даъват карда, дар ҳузури намояндаи тамоми сохторҳои дахлдор гуфтаанд, инҷо як бинои давлатӣ сохта мешавад ва шумо бояд пулеро, ки давлат дар баробари хонаҳоятон пешниҳод кардааст бигиреду барои худ хона пайдо намоед.
Талоши "Озодагон" барои гирифтани шарҳи мақомоти ноҳияи Сино дар бораи ин қазия натиҷае надод.Тафсилоти бештари қазия инҷост
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |