Оғози баррасии парвандаи “Шайх Темур” дар Суди Олӣ

Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби “Шайх Темур” -ро, ки дар бисёрзанию тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад, барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол намудааст.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ имрӯз, 29 май ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки парвандаи “Шайх Темур” дар ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар назар аст, аввалин мурофиаи додгоҳии ӯ ҳафтаи оянда баргузор гардад.
Худи Шайх Темур бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беш аз се моҳи охир дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ аз рӯи моддаи 250 қисми 4 - тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, муттаҳам мешавад. Ба иттилои додгоҳи ноҳияи Сино дар мурофиаи ҳабси пешакияш, “Шайх Темур аз рӯи моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон худро гунаҳкор хонда, иттиҳом аз рӯи моддаи 250 қисми 4-ро баҳсбарангез гуфт. Аз рӯи моддаи 250, қисми 4 гунаҳкорияшро рад карда, танҳо қисман эътироф намуд.”
Шайх Темур аз додрас дархост намуда буд, ки ҳабсаш накунанд, аммо додрас ин дархостро қонеъ накард. Номи Шайх Темур баъди он вирди забон шуд, ки шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад. Худи Сатторов зимни як мусоҳибааш бисёре аз гуфтаҳо дар ин гузоришро рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |