Шевченко дар бораи фирори Ҳалимов ва хатои сиёсии ҳукумат
Максим Шевчекно, рӯзноманигор ва коршиноси варзидаи Русия суҳбаташ дар бораи пайвастани полковники тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба “Давлати исломӣ”-ро аз рушду пешрафти феълии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Шевченко, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон баргаштааст, дар барномаи “Дидгоҳи хос”-и радиои “Эхо Москвы” изҳор доштааст, ки бархилофи Русия, ки танҳо ваъдаҳои шифоҳӣ медиҳад, Чин дар Тоҷикистон воқеан сармоягузорӣ мекунад ва феълан дар кишвар роҳҳо, нақбҳо ва боғҳо бунёд шуда истодаанд.
Ӯ дар пасманзари ин пешрафтҳо зикр кардааст, ки онҳо натиҷаи созишномаи сулҳи тоҷиконанд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раиси ИНОТ имзо шудааст.
Ин таҳлилгар дар идома таъкид кардааст, ки феълан дар Тоҷикистон эҷод кардани маҳдудиятҳо барои анҷоми амалҳои эътиқодӣ мушоҳида мешаванд, ки зидди созишномаи имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдулло Нурӣ мебошад. Ӯ ин равандро кори пуч ва хатои сиёсии ҳукумати Тоҷикистон хондааст, ки танҳо метавонад боиси фирори афроди бештар ба Сурияю Ироқ шавад: “Тоҷикистон кишвари мусалмоннишин аст ва ба фикри ман дар масоили хондани намозу пӯшидани ҳиҷоб бояд маҳдудиятҳо набошанд. Бояд барои ҷиноят ҷазо дод. Ҳам одамони диндорро вақте ҷиноят мекунанд ва ҳам чунин маъмурини пулисро, ки террорист мешаванд ё зӯроварӣ мекунанд”.
Ин таҳлилгари рус талоши мақомоти Тоҷикистон барои кам кардани вазни сиёсии ҲНИТ-ро низ иштибоҳ хондааст: “ҲНИТ як ҳизби қонуниест, ки Муҳиддин Кабирӣ роҳбарӣ мекунад ва зидди ДИИШ-у салафиҳост. Ин як идеологияи исломии демократист. Аз ин рӯ поин бурдани вазни сиёсии ин неру дарҳоро барои ДИИШ-иҳо, хавориҷиҳо ва салафиҳо боз мекунад”.
Шевченко афзудааст, ки қазияҳои монанд ба пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба саффи ДИИШ дар худи Русия низ ба назар мерасанд. Ӯ қатли оммавии се нафарро дар минтақаи “ДИИШ” мисол овардааст, ки аз ҷониби собиқ корманди раёсати мубориза бо экстремизму терроризми Доғғистон амалӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Аркадий Дубнов, таҳлилгари дигари рус дар масоили Осиёи Марказӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимовро ба “Давлати исломӣ”, ки гӯиё чанд афсари дигарро низ бо худ бурдааст, ба баррасӣ гирифта, таъкид намудааст, ки Душанбе, Маскав, Тошканд ва Вашингтон бояд дар мубориза бо ифротгароии исломӣ боэҳтиёттар бошанд.
Дубнов иддаои Ҳалимов дар мавриди бадномкунии ҳиҷобпӯшон ва маҳдудиятҳои дигари динӣ дар Тоҷикистонро зикр карда, афзудааст, ки манъсозиҳои беақлона ва иттиҳомоти подарҳаво алайҳи диндорон танҳо боварии онҳоро ба дурустии ғояҳои хилофат тақвият мебахшанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |