Абдулқодирзода: Ягон мулло ба “ДИИШ” нарафтааст, зеро...
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон созмони террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ-ро “хилофат”-и ташкилкардаи кишварҳои абарқудрат алайҳи кишварҳои мусулмоннишин хонд.
Раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 29 май дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ин “хилофат”-ро абарқудратҳо барои тахрибу валангор кардан ва соҳиб шудани тамоми сарватҳои сарзамини мусулмоннишин ташкил кардаанд.
Абдулқодирзода аз пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба саффи ин гуруҳи террористӣ нигаронӣ карда, бори дигар таъкид кард, ки маҳз ноогоҳии динӣ боис шудааст, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ мераванд: “Боре шунидаед, ки ягон мулло ё имоми масҷид ба ин гуруҳ пайваста бошад? Не, чун огаҳанд. Абарқудратҳо бо ворид кардани калимаи Ислом ба номи ин созмон ҷавонони моро ҷалбу қурбони манфиатҳои худ мекунанд. Албатта, зери таъсири таблиғоти онҳо касоне қарор мегиранд, ки содалавҳу бедонишанд. Ин гуна гуруҳу ҳаракат ва созмонҳо аз аввали пайдоиши Ислом буду то охир мемонад. Яке вожаи Исломро дар номи ҳизбашу дигаре дар номи ҳаракаташ ворид карда, аз он муғризона сӯиистифода мекунад. Агар бидуни он барои дуздидани сарвату боигариҳои як кишвар нафаре ҷавононро даъват кунад, касе намеравад, вале вақте Исломро сипар қарор медиҳад, аз бефарҳангӣ ва камдонишии бархе ҷавонони мо хуб истифода мекунанд”.
Абдулқодирзода бори дигар аз ҷавонони кишвар даъват кард, ба ҳарфҳои пайравони ин созмон гӯш надиҳанду аз падару модарони тоҷик хоҳиш кард, дар тарбия фарзандонашон масъулияти бештар эҳсос кунанд.
Ин даъвату таъкидҳои Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ахиран полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки чанд ҳафта пеш ғайб зада буд, аз пайвастани худ ба саффи ДИИШ дарак дод. Ӯ дар навори видеоие бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда иддао мекунад, ки бо ҳамроҳонаш барои барқарор кардани хилофат ба Тоҷикистону Хуросон бармегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |