Афсари гумроҳ ё буҳрони арзишҳо дар Тоҷикистон
Далер ҒУФРОН, махсус барои “Озодагон”
Бо дидани саҳнаи даҳшатбор дар хусуси ба гурӯҳи, ба истилоҳ, «Давлати исломӣ» пайвастани афсари воломақоми ВКД Гулмурод Ҳалимов андешаи маро чанд нуктае фаро гирифт, ки зикри онҳоро қарзи шаҳрвандии худ донистам:
Дар тиҷорат як қонуни муҳимест, ки онро «арзишофарӣ» меноманд. Яъне барои он ки молат харидор дошта бошад, он бояд арзишеро ифода кунад. Яъне ба дарди касе даво бошад, ҳоҷати касеро бароварда созад. Дар ҳолати набудани ин арзиш, он маҳсулот нолозим хоҳад буд.
Ин қонун на танҳо дар тиҷорат, балки дар ҳама соҳаҳо корбурд аст. Дар мисоли далели гароиши як афсари воломақоми ВКД ба гурӯҳи террористӣ, аввалин қазовати банда ин буд, ки ӯ ба буҳрони арзишҳо рӯ ба рӯ шуда, дар ниҳоят интихоби даҳшатбореро ҳамчун «арзиш» ихтиёр кардааст.
Ҳоло мусибат танҳо сари иштибоҳи як афсар нест, балки банда итминон дорам, ки имрӯз дар ҷомеаи мо инсонҳое бо чунин ақидаҳои хатарзо кам нестанд.
Зиёда аз ин, ба боварии шахсии инҷониб, бо он бунёди заъифи маънавие, ки мо дорем, ҳадди ақал ҳар севвумин шаҳрванди кишвар зери таъсири андешаҳои ғалат ва ифротӣ осебпазир хоҳад буд.
Агар амиқтар назар андозем, ин масъала пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба мизони маърифати ҷомеаи мо печ мехурад, ки зарурати бознигарии куллии низоми маорифу фарҳанги миллиро ба миён гузоштааст.
Махсусан илми таърих, ки василаи муассири эҷоди андешаи миллӣ дар зеҳни наврасон аст, дар муассисаҳои таълимии кишвар аксаран беҳунарона омӯзонида мешавад, ки аз моҳияти аслии он наврасону ҷавонон бебаҳра мемонанд.
Яъне эҳсоси ифтихори милливу ватандорӣ, ки бояд ҳанӯз дар мактаб эҷод шавад ва минбаъд ташаккул ёбад, аз ибтидо хушк мегардад. Воқеияти нангин ин аст, ки бо вуҷуди доштани таъриху фарҳанги бой, мо натавонистаем аз моҳияти он дар замони нав ҳамчун меҳвар ва сарчашмаи аслии кору зиндагӣ истифода бубарем. Ва агар миллате бо чунин фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумул ва бо чунин ҳуввияти устувору ташаккулёфта дар баробари як андешаи бебунёди ифротгароӣ худбохтагӣ нишон диҳад, ин шармсориро на таърих ва на Худованд нахоҳанд бахшид.
Вақте вуҷуди инсон аз арзиши меҳварӣ – ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бебаҳра монд, гаравиш ба ҳар самтеву роҳи дигар барои ӯ як интихоби оддӣ ва ҳатто (шояд) «роҳи наҷот» хоҳад буд. Зеро инсони гумроҳ аз ҳар фурсате роҳи наҷот меҷӯяд.
Ва муҳимтар аз ҳама, на танҳо дар мактаб, балки дар ҷомеа (дар ҳама сатҳҳо, махсусан дар мақомоти давлатӣ) низ бояд арзишҳои аслии маънавӣ, инсонӣ ва миллӣ (давлатӣ)-и мо дуруст маънидод ва арҷгузорӣ шаванд.
Ҳар як инсон, махсусан хизматчии давлатӣ, таърифи дурусти рисолати худ, ҳайсияту ҷойгоҳ ва ормонҳояшро дошта бошад. Зинҳор ҷаҳони ботинии ӯ бо воқеияташ дар набард набошад. Яъне ҳарфи дили ӯ бо амалаш созгор гардад. Қоноатмандии рӯҳӣ, маънавӣ ва модиро ҳосил намояд. Ин аст роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз хиёнату тавтиаҳои замона. Вагарна, шунидани ҳар хабари шуме мисли амалкарди ин афсар дигар ҳеч ҷойи тааҷҷубе нахоҳад дошт.
Бояд сароҳатан гуфт, ки баҳси аслие, ки полковники машкук ба вуҷуд овардааст, вобаста ба ҳамин арзишҳо мебошад. Дар зеҳни ӯ ҳоло аз ҳеч муқаддасоти милливу давлатие осоре намондааст. Аммо ба ин нуктаи ҳассос, ки ӯ миллатро танҳо аз ислом иборат медонад, суоли мантиқие пеши назар меояд, ки чаро миллати араб, ки аксаран мусалмонанд, дорои 23 давлат мебошанд? Ҳама араб – аксаран мусалмон, аммо 23 давлат!!!
Аз ин рӯ, новобаста аз он, ки банда худро бо ифтихор мусалмон медонам, аммо мафҳуми «миллати ислом»-ро ҳамчун сарзамини воҳид (ва ё хилофат) дар замони нав устура мепиндорам.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |