Шинохт аз худ
Азиз НақибзодЭҳсоси худкамбинӣ сабаби қафомонии миллати мо дар асри 21 гардидааст. Худро нисбати намояндагони дигар ақвом кам шуморидан ва ба худ бовар надоштан ба аксари мо одат шудааст. Ин одат аз кучо сарчашма мегирад ва чаро ба миён омадааст ба баҳси мо дахл надорад. Аммо ин андеша, ки ангор корҳое, ки миллатҳои дигар анҷом медиҳанду аз дасти мардуми мо намеояд, дар асли худ ғалат аст. Барои даст ёфтан ба рушди ҳамаи соҳаҳо боястӣ пеш аз ҳама ин андешаи хато ва зарарнокро аз мағзҳо ва тафаккури ҳар як тоҷик пок кард. Барои аз реша баркандани ин фикри нораво мактабу донишгоҳҳо ва ВАУ метавонанд нақши бориз гузоранд.
Тоҷик дар ҳама давру замон нобиғаҳое ба дунё оварда буд ва хоҳад овард. Имрӯз ҳам тоҷикони муваффақ дар бахшҳои гуногун дар ҳар гӯшаи ҷаҳон аз худ нақшҳои мондагор мегузоранд. Аммо дар андак мавридҳо тоҷик тоҷикро эътироф мекунад. Дар аксари ҳолатҳо тоҷикеро аввал дигар миллатҳо эътироф мекунанд ва гуё худи тоҷикон ба ночор қабул мекунанд, ки фалонӣ олими воқеӣ ё ҳунарманд ё мутахассиси нодир будааст. Мутаассифона, дар аксар ҳолатҳо ин эътироф пас аз марги ҳамон шахс сурат мегирад.
Тоҷик ба ҳамқавмаш бовар намекунад, ки аз дасташ коре бармеояд. Ин бовар накарданҳо дар хеле мавридҳо бар зарари худи тоҷикон тамом мешавад. Бахусус вақте ки мансабдорону ҳокимон ба ҳаммилатони худ бовар намекунанд, сабаби қафомонии соҳа ва кишвар мешавад. Имрӯз ба назар мерасад, ки дар корҳои истеҳсолот, саноати маъдан, роҳсозӣ ва ғайра ба мутахассисони худӣ бовар намекунанд ва аз инҷост, ки ин бахшҳо рушд намекунанд. Бо бовари қатъӣ метавонам бигӯям, ки ингуна корҳо аз дасти миллати ман ҳам меояд. Танҳо ба ин мардум ҳам имкону имтиёзе, ки ба чиниҳо дода мешавад, бояд пешниҳод гардад. Панҷ шаш соли пешро ба ёд оред: Дар Душанбе танҳо чанд ширкати сохтмонии туркӣ ва чинӣ иморат месохтанд. Дар зеҳнҳо андешаро ба вуҷуд меоварданд, ки гӯё тоҷик хона сохта наметавониста бошад. Вақте, Ҷӯрабек Охунов раиси ҳабсшудаи ширкати «Мовароуннаҳр» тиҷорати сохтмонро оғоз намуд ва то ҷое комёб гардид, сармоядорони тоҷик бо таъсиси ширкатҳои сохтмонӣ даст ба ин намуди тиҷорат заданд ва имрӯз сабаби рушди ин соҳа дар пойтахт гардид.
Маъруф Орифов ҳам, ки ба наздикӣ аз ҳабс озод шуд, аввалин супермаркетҳоро дар Душанбе бунёд намуд. Ҳоло миқдори супермаркетҳо дар пойтахт бешумор аст. Яъне, тоҷик ҳам метавонад, вале ӯро бояд бовар кунонд ва дастгирӣ кард. Ҳадди ақал набояд пеши роҳаш садд гузошт. Манзур аз овардани номҳои Охунов ва Орифов низ ҳамин аст, ки пас аз иқдоми эшон сармоядорон бовар карданд, ки чунин корҳо имконпазир будааст.
Рушди тиҷорати сохтмон нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ ҳатто сармоя низ мавҷуд будааст. Танҳо эътимод ва бовар ба якдигар зарурат доштаву бас. Аз ин бармеояд, ки мо ба тамоми қишрҳои ҷомеа бояд гӯшзад намоем, ки аз дасти Шумо меояд. Танҳо қадами аввалро бояд гузошт. Талабаву донишҷӯро таъкид намоем, ки ту ҳатман ёд мегирӣ! Коргару тоҷирро муваффақ мешавӣ, бигӯем. Муҳимтар аз ҳама садгузорандаҳо ва мушкилофаронро аз роҳи фаъолияти соҳибкорон агар набардорем, ҳам ҳатман тела бояд дод.
Чун ин миллат сазовори хориву зорӣ нест!
Ин миллатро дар ҷойгоҳи муносибу мувофиқи худаш бояд шинонд!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |