АКС: Муҷозоти интизомии 4 масъули нақлиёт барои фасодкорӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, санҷиш дар Вазорати нақлиёти кишвар дар 27 зерсохтори ин вазорат зарари молиявӣ ошкор кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 29-уми май иттилоъ дод, Шодком Турсунов, сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсия дар мулоқот бо роҳбарони Вазорати нақлиёт инчунин зикр кардааст, ки соли 2014 нисбати 4 масъули вазорат барои фасодкорӣ муҷозоти интизомӣ таъин шуд.
Турсунов барои масъулини нақлиёт таъкид кардааст, ки татбиқи Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2020 барои ҳамаи ниҳодҳо ҳатмист ва афзудааст, ки дар асоси стратегияи мазкур ҳар як вазорату идораи давлатӣ вазифадор шудааст, то барномаҳои махсуси зиддикоррупсионӣ барои дастгоҳ ва зерсохторҳояш таҳияву амалӣ намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |