Бозӣ бо Урдун дар Душанбе: Аз чиптаҳои 700 сомонӣ то бурди “Мерседес”
Дар бозии дуюми марҳалаи интихобии гуруҳии Ҷоми Ҷаҳон-2018 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун мухлисон метавонанд сабукрави “Мерседес Бенс” , “iPhone 6” ва “iPad” бурд намоянд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ҳаводорони футбол имкон доранд, баъди анҷоми бозии дӯстона бо чиптаҳои харидаи худ дар бозии лоторея иштирок намуда, соҳиби худрав,“iPhone 6” ва “iPad” гарданд. Ҳамчунин ин ниҳоди варзишии кишвар мегӯяд дар бозии мазкур фурӯши чиптаҳои VIP-ро ба роҳ мондааст, ки арзиши он 700 сомониро ташкил медиҳад, ки харидорони ин чиптаҳо метавонанд аз нуқтаи намоёни майдон бозиро тамошо карда аз хизматрасониҳои иловагӣ бархӯрдор бошанд.
Ёдовар мешавем бозии дуюми марҳалаи интихобии гуруҳии Ҷоми Ҷаҳон-2018 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун шоми 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |