Ҷаҳиши якбораи қурби доллар баъди эълони Бонки Миллӣ
Қурби як доллари амрикоӣ, ки субҳи 29-уми май дар бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе то 5,80 сомонӣ нишон дода мешуд, баъди зуҳр майли гаронӣ карда, субҳи имрӯз, 30-уми май то ба 6,40-6,42 сомонӣ расидааст.
Тавре хабарнигори "Озодагон" аз хиёбонҳои Душанбе иттилоъ дод, дар аксари саррофиҳои пойтахт қурби як доллар 6,40-6,42 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз аввали ҳафтаи равон қурби доллар дар Тоҷикистон якбора поён рафта, аз 6,52 сомонӣ то ба 5,80-5,90 сомонӣ расида буд. Бархе аз саррофҳо ин поёнравиро кори дасти раҳбарони нави Бонки Миллӣ гуфтанд, ки ахиран аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин шуданд.
Аммо Бонки Миллӣ бегоҳи 28-уми май бо пахши як изҳорот таъкид кард, ки дар поёнравии қурби доллар даст надорад ва сиёсати қурбияшро низ иваз накардааст: "28-уми май қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва қурби муқарраркарда барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ зимни харид ва то 6,54 сомонӣ зимни фурӯш муайян карда шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май бетағйир боқӣ мондааст”.
Ин ниҳод мегӯяд, қурби асъори хориҷӣ дар пайи таъсири омилҳои бозорӣ поин рафтааст: “Сабабҳои паст шудани қурби долл. ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба долл. ИМА-и нақдӣ кам кард”.
Бонки Миллӣ афзуд, ки фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеӣ омили дигари кам шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ гашт: “Ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуд”.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро омилҳои бозорӣ танҳо давоми як ҳафта бошиддат таъсир карда, қурбро поин бурданду акнун боз арзиш доллар ба шиддат боло рафта истодааст?
Дар ҳамин ҳол қурби 1000 рубли Русия низ дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъор то 105 сомонӣ поин рафта буд, имрӯз, 30-уми май то 122-124 омонӣ расидааст. Қурби як евро низ то ба 6,90 сомонӣ боло рафтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |