Омбудсмен дар бораи вазъи Ёқуб Салим ва дарди дандони Ғаффор Мирзоев
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени тоҷик имрӯз, 28-уми май овозаҳо дар бораи вазъи саломатии маҳбусон-Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Оҷонсии зидди нашъаро шарҳ дод.
Ализода дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, масъалаи саломатии Ёқуб Салим ва Ғаффор Мирзоевро таҳқиқ кардаанд. Омбудсмен дар мавриди Ёқуб Салим изҳор дошт, ки аз вазъи вай огоҳ ҳастем ва агар гӯем тамоман саломатияш бад аст, чунин нест. Ализода афзуд, ки муҳлати адои ҷазои Ёқуб Салим ба наздикӣ анҷом меёбад ва тавре худаш мегӯяд, баъди баромадан ба озодӣ ба тарбияи фарзанду наберагон машғул хоҳад шуд.
Омбудсмени тоҷик илова намуд, ахиран аз Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, маҳкумшуда ба ҳабси абад низ дар мавриди вазъи саломатии бародараш шикоят гирифтааст: “Мо вазъи саломатии Ғаффор Мирзоевро низ таҳқиқ кардем. Гӯем, ки тамоман ғизо хурдан наметавонад, чунин ҳам нест. Касалии дарди дандон дорад, табибони мо аз он огоҳанд ва табобат мекунанд. Баъдан синну солашон низ аз 60 гузаштааст ва бар асари солхӯрдагӣ касалиҳо зуҳур хоҳанд кард”.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Додситонии генералии Тоҷикистон эълон кард, ки то анҷоми муҳлати ҷазои Ёқуб Салим 1 соли дигар мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |