Маҳкумияти Саидиброҳими Назар ва шарҳи навори фаҳш бо иштироки ӯ
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидиброҳими Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар серзанагӣ гунаҳкор хонда, ӯро ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.
Дар ин бораи мақомоти тоҷик бо пахши як гузориши видеоӣ тариқи шабакаи аввали телелвизиони Тоҷикистон хабар доданд.
Дар гузориши мақомот, ки шоми 27-уми май пахш гардид, таъкид шудааст, ки тафтишоти алайҳи Саидиброҳими Назар дар асоси шикояти Зебуниссо Гиёева, зани 4-уми Саидиброҳим оғоз шудааст. Манбаъ мегӯяд, Гиёева 9-уми апрели соли равон ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда, аз қонуншиканиҳои С.Назар хабар додааст.
Дар гузориш Саидиброҳими Назар эътироф кардааст, ки бо Зебуниссо Гиёева ақди никоҳ бастааст, вале баъди 4-5 моҳи ҳамзистӣ ҷудо шудаанд. Ӯ ҳамчунин серзанагияшро эътироф намуда, афзуд, ки иштибоҳ кардааст ва ба айби худаш қоил аст: “Соли 1982 бо ҳамсари аввал,Шарипова Моҳбону хонадор шудам ва аз ӯ соҳиби 5 фарзанд шудам. Соли 1994 дар Маскав бо ҳамсари дуюм Наталя Петровна хонадор шудам ва аз ӯ ду фарзанд ёфтам. Бо Бунафша Шарипова соли 2008 хонадор шудем ва се фарзанд дорем. Баъди вафоти ҳамсарам, соли 2012 бо Гиёева Зебуниссо хонадор шудам, аммо 4-5 моҳ пас ҷудо шудем. Аз ӯ фарзанд надорам”.
Гарчанде дар гузориш мушовири раиси ҲНИТ изҳор медорад, ки зани русаш-Наталя вафот кардаасту аз Зебуниссо ҷудо шудааст, мақомот мегӯянд, ӯ дар як вақт бо чор зан зиндагӣ карда, хоҷагии якҷоя мебурдааст. Худи Саидиброҳим танҳо зиндагӣ бо ду занро иқрор кардааст.
Саидиброҳими Назар инчунин ба суолҳои Манучеҳр Маҳмадшозода, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Душанбе дар мавриди навори фаҳше, ки бо иштироки ӯ ахиран дар интернет нашр шуд, посух дод. Мушовири раиси ҲНИТ тавзеҳ додааст, он зане, ки бо ӯ дар навор ҳамхобагӣ доштааст, дар ақди никоҳи мусалмонияш мебошад. Ӯ гуфт, ин зан худашро Сумая Каримова муаррифӣ кард ва баъди нашри ин навор дар интернет ғайб заду дигар ӯро надидааст: “Гуфт аз шавҳар ҷудо шудаасту падараш ӯро футбол карда, аз хона берун кардааст. Ҳамин хел чанд бор гиряю нола кард ва ман ҳам ӯро гирифтам. Як мулло дар масҷиди Душанбе моро никоҳ кард. Аммо баъди ҳамин навор гум шуд, намедонам куҷо шуд. Аз наздикон фақат як занро амааш муаррифӣ карду ду фарзандашро мешинохтам, ки дар мактабу боғча таҳсил мекарданд”.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шахсияти ин занро, ки дар навор тасвир ёфтааст, муайян накардаанд. Навори ҳамхобагии Саидиброҳими Назар бо “Сумая” аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” аввали баҳори соли равон дар интернет нашр шуд. Бархе аз коршиносон таҳия ва паҳни чунин наворҳоро бо иштироки масъулини ҲНИТ кори дасти мақомот арзёбӣ карданд, ки гӯиё ба бадномкунӣ ва коста намудани нуфузи ҳизб равона шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |