Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Андҷей Себастян Дуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27 май бо ирсоли як нома Андҷей Себастян Дудро барои ба мақоми президенти Лаҳистон интихоб шуданаш табрик намуд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин барқияи табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб шудани Шумо ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Полша қабул намоед. Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо кишвари Шумо, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобиларо фаро мегирад, баҳои баланд дода ва барои густариши ҳамкориҳои босуръат ҳавасманд аст”.
Дар идомаи нома гуфта мешавад, “мо бо қатъият минбаъд низ ҳамкориҳоямонро ба хотири мақсадҳои олии сулҳ, устуворӣ ва тараққиёт тахким мебахшем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |