Дархости Далер аз шаҳрдори Хуҷанд: Маро пеши Ритик Рошан фиристед
Далер Раҳматов, як сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин шаҳр хостааст, барои мулоқоти ӯ бо ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон - Ритик Рошан мусоидат намояд.
Ин дархости ҷаноби Раҳматов рӯзи шанбеи 23 май аснои қабули шаҳрвандон аз сӯи шаҳрдори Хуҷанд сурат гирифтааст. Далер Раҳматов дар як тамоси телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дархост аз Раҷаббой Аҳмадзода ин буд, ки маро барои вохӯрӣ бо ҳунарпешаи шинохтаи “Bollywood” Ритик Рошан, ки хеле шахси наҷибу хоксор аст, ба Ҳиндустон фиристад”.
Аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба “Озодагон” гуфтанд, Раҷаббой Аҳмадзода ба шахсони масъул супориш додааст, то ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намоянд: “Дар ин мактуб хоста мешавад, аз рӯйи имкон барои амалӣ шудани орзуи ин бошандаи Хуҷанд, ки маъюби гуруҳи якум аст, мусоидат гардад”.
Далер Раҳматов худро мухлиси ашадии Ритик Рошан медонад ва мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ орзӯи мулоқот бо ӯро дорад: “Пас аз амалӣ гаштани орзӯям, дар маркази маъмурии Суғд - шаҳри Хуҷанд, як консерти вижаи худро таҳти унвони “Меҳри модар” доир хоҳам кард”.
Ӯ меафзояд, Ритик Рошан ягона ҳунарманди Болливуд нест, ки ҳунарашро меписандад: “Мухлиси Шаҳид Капур ва Акшай Кумар ҳам ҳастам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |