Ёрдамчии Президент дар бораи “мулло”-ҳои ноогоҳ, ифротгароӣ ва танбалии олимони тоҷик
Академик Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз камфаъолиятии уламои дину олимони дунявӣ дар муқобили салафиҳою ифротгароён интиқод намуд.
Раҳмонов, ки имрӯз, 27-уми май зимни конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” суханронӣ мекард, аз уламои кишвар даъват намуд, ба матлабҳои ифротгароён посух диҳанд. Ӯ афзуд, дар баробари мақомот, ки барои пешгирии ифротгароӣ дар кишвар талош мекунанд, имрӯз вақти он расидааст, ки олимон низ дар ин самт фаъол бошанд.
Раҳмонов аз уламои тоҷик даъват кард, ба он матлабҳое, ки зидди мазҳаби ҳанафӣ ва зидди муносибати дину давлат дар Тоҷикистон навишта мешаванд, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ, дини мубини Ислом ва сиёсати давлат ҷавоб диҳанд.
Ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа инчунин аз он нигаронӣ кард, ки бархе уламои ноогоҳ дар кишвар ҳадиси оятҳоро ғалат шарҳ медиҳанд ва ин низ боиси гаравидани ҷавонони ноогоҳ аз асли Ислом ба ҳаракатҳои ифротӣ шудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонов барои решакан намудани ифротгароӣ дар Тоҷикистон зарур хонд, ки уламои кишвар дар масоҷид хавфи хатари чунин ҳаракатҳоро шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Конфронси “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” феълан дар Душанбе идома дорад ва “Озодагон” аз ҷараёни он дар зудтарин фурсат матолиби дигарро нашр хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |