Ҷаримаи соҳиби тӯйе, ки касе натавонист, садди роҳи “кортеж”-аш шавад
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шараф Қаҳҳоров, соҳиби тӯйе, ки “кортеж” ё қатори мошинҳои он то 15 мерасиду аз Душанбе то Варзоб касе натавонист, сади роҳашон шавад, 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 26 май ба “Озодагон” хабар дод.
Қаблан, масъулини Кумитаи дин гуфтанд, ки алайҳи Шараф Қаҳҳоров, соҳибкор ва сокини ноҳияи Сино дар асоси банди 5-и моддаи 10-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон” аз сӯи Кумитаи дин парванда тартиб ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Чанд вақт пеш Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз “рейд”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “кортеж” ё қатори мошинҳои тӯёнаеро нишон дод, ки ҳудуди 15 мошини гаронарзишро дар бар мегирифт. Масъулини Кумитаи дин дар шарҳи ин рейди худ гуфтанд, дар ҳоле ки дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар ин “кортеж” ҳудуди 15 мошин бо нақзи тамоми қоидаҳои роҳ ҳаракат мекарданду ҳатто нозирони БДА низ натавонистаанд, садди роҳи онҳо шаванд. Тибқи ин навор қатори мошинҳои гаронарзиш аз Душанбе ба тарафи Варзоб ҳаракат намуда, вориди яке аз истироҳатгоҳҳо шуданд.
Яке аз нозирони БДА, ки қонуншикании қатори мошинҳоро диду онҳоро боздошт накард, дар рӯбарӯи дастгоҳи наворбардорӣ гуфт, дар ҷое, ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Нозири дигаре, ки дар масири ҳаракати “кортеж” қарор дошт, ба гузоришгарон гуфт, талош намуд онҳоро манъ кунад, аммо якбора се мошин ба тарафаш ҳаракат кардаанд ва натавонист мошинҳоро боздорад.
Соҳибкори тоҷик дар шарҳи ин қазия гуфта буд, “ҷавонон бидуни даъват ба қатори мошинҳо ҳамроҳ шудаанд ва чунин ҳолат ба миён омадааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |