Бахшҳо
26 май 2015 16:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аввалин нишонаҳои сактаи мағзӣ: То омадани мошини ёрии таъҷилӣ чӣ бояд кард?

Ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо кӯмаки саривақтӣ ва дурусти шумо метавонад хар гуна ҳодисаи нохушро пешгирӣ намояд. Ҳангоми мушоҳидаи чунин аломатҳо беаҳамият набошед! Нишонаҳои аввалин:
 сустшавӣ ё лолшавӣ (гунгшавӣ), карахтшавии дасту пой аз як тараф;
 каҷ шудани рӯй, карахтшавии ними рӯй;
 гум кардани қобилияти суханронӣ;
 чарх задании сар, якбора пастшавии биноии чашм;
 гум шудани баъзе одатҳои маъмулӣ, қобилияти навиштан, хондан ва ғайра.
Барои боварӣ кардан ба шумо ин тести оддӣ кӯмак мекунад. Кӯшиш кунед, ки табассум кунед, баъд дастҳои худро дароз кунед ва чанд сония ҳамин хел нигоҳ доред. Баъдан ягон калимаи душворталаффузро ба забон биоред (масалан тридцать три бигӯед). Агар шумо ақаллан аз ӯҳдаи яктои ин амал набаромадед, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед ва омадани мутахассиси соҳибтаҷрибаро талаб кунед.
То омадани мошини ёрии таъҷилӣ : То омадани мошини ёрии таъҷилӣ шумо бояд амалҳои зеринро анҷом диҳед:
 Дар зери бемор болиштҳои баланд гузоред.
 Тирезаро кушода монда, либосҳои танги беморро бадар кунед, гиребон ва миёнбанди беморро кушодтар кунед.
 Фишори беморро бисанҷед. Агар он аз меъёр боло бошад, ба бемор доруҳои одатан дар чунин ҳолат мехӯрдагиашро бихуронед ё ақаллан пойҳои беморро дар оби ширгарм гузоред.
 Ба бемор доруҳои махсуси ҳуҷайраҳои асабро ҳифз менамуда бидиҳед, масалан глицин.

Бодиққат бошед: дар ҳолатҳои вазнини сактаи мағзӣ ба бемор хуронидани доруҳои рагҳоро васеъкунандада манъ аст. Масалан , папаверина, но-шпа, кислотаи никотин. Ҳангоми хуронидани ин доруҳо рагхо на дар ҷои иллатдошта, балки дар қисмати мағзи сар васеъ мешаванд. Дар натиҷа хун ба ҳамон самт бештар равона мегардад, норасоии Ҳавои оксигении қисмати иллатдошта бошад, бештар мешавад.
Дар стационар:
Ду намуди гуногуни инсулт вуҷуд дорад: хунравон ва ишемикӣ. Намуди аввала зуд амал намуданро тақозо менамояд. Агар бемор бо нишонаҳои намуди якум интиқол ёбад, зуд беморро томографияи мағзи сар кардан лозим аст. Ин амал муайян хоҳад кард, ки нишонаҳои беморӣ тасдиқи худро меёбанд ё не, чунки дар ҳолати тасдиқи он интихоби усулҳои табобатӣ муҳим арзёбӣ мегардад ва ҳамагӣ якчанд дақиқаро мегирад.
Дар ҳолате, ки бемор гирифтори сактаи мағзии хунравон бошаду ба ӯ аз усулҳои хуби дармонии сактаи мағзии ишемикӣ кор бигирем, мумкин аст, ба бемор таъсири бад расонад.

Агар нишонаҳои намуди авввали беморӣ тасдиқ нашавад, пас беморро аз томографияи магнитӣ-резонансӣ гузаронидан лозим аст. Ҳангоми сактаи мағзии ишемикӣ ин намуди томография муфид аст. Ин усул ним соат вақтро талаб мекунад. Дар вақтхои иловагӣ ташхисҳои дигар, аз назар гузаронидани рагҳои хунгузар, ангиография кардан мумкин аст.
Мӯҳр
Салом мошинхои хаму скрои тез бияан зур мешавад ранги тракторан даруну берунаш бечорай касали мурдани набошад дар даруни мошин мемурад аз сабаби тароку прак

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)