Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбии куҳии Ромит бо ҳузури Э.Раҳмон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз, 26 май аз мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуда, машқгоҳи ҳарбии куҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкуҳро мавриди истифода қарор додааст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии ин машқгоҳи ҳарбии куҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии куҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ муҳим аст, бурида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии куҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад: “Зимни шиносоии раисиҷумҳури иттилоъ дода шудааст, ки дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои танбатан бо усулҳои гуногун, бозиҳои мухталифи варзишӣ ва ҳам тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст. Шароити зарурӣ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ муҳайё аст”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин машқгоҳи ҳарбии куҳӣ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин ташкил ва гузаронда мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард. Дафтари матбуотии раисиҷумҳур гуфт, дар ин ҷо барои ба роҳ мондани чунин машқҳои васеъмиқёс ҳама омодагиҳо дида шуда, гузашта аз ин, худи ин мавзеъ барои ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии куҳӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузарондани низомиён мувофиқ аст.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва куҳнавардии худ васеъ истифода намоянд. Тибқи иттилои манбаъ, раисиҷумҳури кишвар ба масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур додааст, дар ҷойҳои холӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, дар барқарорсозии ҷангалзор ҳам дар ин мавзеъи зебои баландкӯҳ саҳмгузор бошанд.Аксҳо аз сомонаи расмии Президент
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |