Ба маорифи мо медал муҳим аст ё “муассиса”?

Иршод СУЛАЙМОНӢ
24 медалро соҳиб шудани хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии нимаи аввали моҳи май маро бисёр хушҳол кард. Ва ҳамин тур фикр мекунам ҳар касе, ки мехоҳад Тоҷикистон обод, пешрафта ва мардумаш босаодат бошад, ҳатман хушҳол шудааст. Худо кунанд, ки чунин ифтихорофаринон дар Тоҷикистон бештар шаванд. Ва агар талошу заҳматҳои воқеӣ карда шавад, ҳатман бештар мешаванд. Аммо ин хушҳолӣ як ҷанбаи таассуф ва ноумедӣ ҳам дошт. Ҳеч кадоме аз ин хонандаҳои медалбурда муҳассилини ба истилоҳи роиҷи имрӯз, “муассисҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ё мактабҳои давлатӣ набуданд. Ҳамаи ин медалбурдаҳо ё хонандаҳои литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ буданд ё хонандаҳои Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ва ё Гимназияи “Ҳотам ПВ”. Миёни мактабҳои давлатӣ ва литсейу мактабҳои байналмилалӣ тафовути бузурги сатҳу сифати таҳсил мушоҳида мешавад. Инро бояд ба ҷиддият баррасӣ кард ва мактабҳои давлатиро аз ин ҳолати буҳроние, ки доранд наҷот дод.
Дунёро ду сарват аз буҳрон наҷот медиҳад ва пеш мебарад: яке сарватҳои табиӣ ва дигаре сарвати маданӣ (истилоҳи ҷомеашиноси маъруф фаронсавӣ Пиер Бордюе), яъне маориф. Мушкилоти Тоҷикистон ҳама бояд як сӯ бошанд ва мушкили маориф сӯи дигар. Ин ки маориф муҳаррики асосии ҳама гуна ҷомеа аст ва чӣ нақше дар рушди давлат дорад, аксиома аст ва баҳсу баррасии бештар намехоҳад. Дар Тоҷикистон маориф дар сиёсати давлат “соҳаи афзалиятнок” шинохта шудааст. Вале дар воқеияти ҷомеа ҳамин афзалият эҳсос намешавад, сатҳу сифати таълим ҳам дар макотиби миёна ва ҳам дар макотиби олӣ хеле паст аст. Решаи мушкилоти соҳаи маориф дар куҷост? Суоле, ки ҷавбашро бояд дар медалҳои ҳамасола аз озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардаи хонандаҳои литесейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ бояд ҷӯст. Яъне, чаро як хонандаи тоҷик метавонад дар литсейҳои туркӣ ё мактаби байналмилалӣ бисёр дониши хубро соҳиб шавад ва дар Индонезиву ИМА медал ба даст биовараду вале дар мактабҳои давлатӣ навиштани ариза ва тарҷумаи ҳолашро ёд намегирад? Литсейҳои тоҷикиву туркие, ки аз оғоз то кунун мавриди баҳсҳои бисёр густарда дар сатҳи равшанфикрон ва расонаҳои Тоҷикистон мебошанд. Ҳоло мо бо ҳимоят аз литсейҳои тоҷикиву туркӣ сухан намегӯем, ман ҳам аз радифи онҳое ҳастам, ки бояд фикр ва тафаккури тоҷикӣ ҳифз шавад ва мактабҳои миллӣ рушд дода шаванд.
Ҳатто мактабҳо ва литсеҳои президентӣ дар Тоҷикистон фаъолияти муваффақе надоранд. Ба ин гуфта як иттилояи нашршуда дар торнамои Вазорати маориф ва илм аз натиҷаи олимпиадаи даставии ҷумҳурявии хонандаҳо ва мактабҳои президентӣ далел мешавад. Дар матлаби “Чаро хонандагон омода набуданд?” гуфта мешавад: “Воқеан, баъди натиҷагирӣ кардан, дар баъзе аз фанҳо комиссияи тадорукотӣ бо хонандагон ҷойҳои ифтихориро лоиқ намедонистанд. Ҳатто, аз фанни технологияи информатсионӣ ҳеҷ кас ҷойи аввалро соҳиб нагардид ва танҳо ба як нафар ҷойи сеюмро доданд, ки ӯ аз 50 хол зиёдро ба даст оварда буд”.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф аз натиҷаи ин олимпиада изҳори нигаронӣ намудааст, ки “дар олимпидаи мазкур дастаҳо дар сатҳи зарурӣ омода нагардидаанд”.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки маорифи Тоҷикистон ба баронамарезии ҷиддӣ ниёз дорад ва бояд дар ин соҳа ислоҳоти густарда гузаронд, то аз ҳолати буҳронӣ берун равад. Тамоми талошҳое, ки то имрӯз шудааст, мушоҳида мешавад, ки натиҷаҳои назаррасе нестанд. Бо иваз кардани номи мактаб ба муассиса намешавад мушкилоти маорифро ҳал кард. Бояд таҷрибаи мактабҳои хусусиву муштаракеро, ки хонандаҳояшон дар сатҳи байналмилалӣ медал ба даст меоваранду барои давлат ва миллати мо ифтихор меофаринанд, дар мактабҳои давлатӣ истифода кард. Зеро зарфияти бузурги миллии мо дар мактабҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, ин мактабҳо ҳам бояд дар сатҳе бошанд, ки хонадаҳояш медалҳоро аз олимпиадаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон биоваранд. Ва он гоҳ дар хабарҳо бихонем, ки хонандаҳои “муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои ..... дар ИМА медали тиллову нуқраву биринҷӣ ба даст оварданд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |