Шанбе, 5 Апрел 2025
Мулоқоти Э.Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси ИДМ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26 май роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ ба кишвар ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ гардиданд. Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ гуфта шуд, масоили вобаста ба тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот таъкид кардаанд, ки барои таъмини амну суботи доимӣ дар минтақа ва мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа бояд тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои ба амал баровардани ин, чораҳо андешида шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |