Бахшҳо

Ҳуқуқшиноси тоҷик: Ҷавонони шоистаи зиёде дорем, аммо...

Дар пасманзари баҳси ба вазифаҳои калидӣ камтар роҳ ёфтани ҷавонон, хабарнигори “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БАРОИ РОҲБАР ШУДАНИ ҶАВОНОН САДД МЕГУЗОРАНД Ё ХУД ШОИСТА НЕСТАНД?


Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, ҷомеашинос

Ҳам ину ҳам он. Баъдан, ба озмунҳо ҳам қариб боварӣ нест. Системаи ягона нест, гоҳо тариқи озмун, гоҳо касеро хоҳанд қабул мекунанд. Агар ҷавони босаводу ҳунармандию ягона вале дар ҳайати ҳакамон одаму дар корхона тағо нест, вақтатро сарф накун.
Агар фавқулода аз озмун гузаштию бо таблаки роҳбар рақс накун, рӯзат сиёҳ.

Адибаи АЗИЗ, пажуҳишгар

Аз назари ман, мутахассиси хуб пириву ҷавонӣ надорад. Табиист, ки насли пешин намехоҳад ба соддагӣ ҷойи худро ба ҷавонон бидиҳад. Шикастани калобаҳову гузаштан аз саддҳо аз насли ҷавон ирода ва таҳаммул мехоҳад. Агар насли ҷавон фасодкориву воситабозиро дар самти фаъолияти худ як сӯ гузорад, Тоҷикистон обод мешавад. Вагарна аз пайи рафтагон кадам гузорад, чизе иваз нахоҳад шуд. Ҷомеаи мардумӣ дар симои ҷавонон нерӯи қавӣ ва тарҳи наверо интизор аст. Умедворам, ки хостаҳои мардум аз сӯи ҷавонони соҳибназар ва дурандеш дар фардоҳо бароварда хоҳад шуд.

Зулайхо УСМОНОВА, корманди Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Тибқи гуфтаи Макс Вебер, муаллифи консепсияи бюрократия, карераи инсон (пешравӣ дар мансаб) - ин раванди тадриҷии ҷойивазкунии корманд аст, ки тадриҷан аз ҷои пасттар ба ҷои баландтар мегузарад. Агар аз ин нуқтаи назар ба ин масъала назар кунем, кормандони ҷавон бояд аввал таҷриба гиранд ва хусусан таҷрибаи идоракунӣ: идораи худ, идораи равандҳо ва идораи кормандони дигар. Баъзе ҷавонони мо аз болои худ кор кардан ва таҷрибаомузиро намехоҳанд. Мехоҳанд якбора ба мансаби баланд биёянд ва маоши калон гиранд. Лекин ин дуруст нест.

Далер ҒУФРОНОВ, сардабири маҷаллаи “ЭЛИТА”

Воқеан ҳама нерӯ, ташаббус, ирода ва амали воқеӣ бештар дар ҷавонон зуҳур мегардад. Аз ин нуқтаи назар, афзудани ҷавонон дар ҳар ниҳоде ба нафъи кор хоҳад буд. Аз ин рӯ, омадани ҷавонон ба сиёсат як амри зарурӣ ва табиист. Аммо дар навбати худ, хуб мешуд, ба туфайли роҳ додан ба ҷавонон, мутахассисони пуртаҷрибаи зарфиятнокро низ сарфи назар намекардем. Омӯзиш ё пайвастагии нерӯи ҷавонон бо таҷрибаи мутахассисони варзидаи кордон натиҷаи хуб хоҳад дод. Яъне, салоҳи кор ин аст, ки раванди интиқоли қудрат миёни наслҳо бо дарки масъулияти тамом сурат бигирад. Меҳвари ин масъулият дарки амиқи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби ҷавонон мебошад. Яъне, роҳбарӣ дар ниҳодҳои расмӣ бо андешаи давлатмардона зебанда аст. Умедворам, ки ҷавонони мо чунин тафаккур ва зарфияте дошта бошанд.

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, ҷомеашинос

Дар мамлакатҳое, ки давлат аз тарафи гуруҳе хусусӣ шудааст, ин падида равшан ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон ду роҳи ба “мудирият” расидани ҷавонон вуҷуд дорад, яке бо роҳи хешу табори одамони дар қудрат ва ё наздик ба қудратбуда ва дигар бо роҳи фасод, яъне пора дода ба мансаб расидан. Вақте дар мамлакат инкишоф нест, истеҳсолот ва иқтисодиёти ватанӣ мурда аст, муносибати байни дониш ва истеҳсолот вуҷуд надорад, дар ин гуна мамлакат фазои солим ва озоди истеҳсол ва бозистеҳсоли сармояи фарҳангӣ ҳам буда наметавонад. Дигар ин ки барои онҳое ки дар хориҷ дониш ва таҷриба гирифтаанд, ҷой нест агар “худӣ” набошанд. Дар умум, ҷавонон дар мудирият бошанд ҳам, коре кардан наметавонанд, барои ин ки технологияҳои солими созанда дар иқтисод, савдо ва соҳибкорӣ, дар сиёсат ва фарҳанг дар ҷомеа вуҷуд надоранд ва дар боло мавқеъ гирифтагиҳо ба ҷавонон имкони фазосозӣ намедиҳанд.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос

Ҷавонони шоистаи зиёде дорем, аммо интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон ба касбияти хуби онҳо дахл надорад. Ҳоло интихоби кадрҳо дар асоси дигар меъёрҳое хастанд, ки ин барои рушди кишвар зарар дорад.
Яъне, дар интихоби кадрҳо маҳал, статуси иҷтимоӣ, хешу таборӣ шарти асоси ҳисоб мешавад. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҷавонони болаёқат наметавонанд дар идоракунии давлат иштирок намоянд. Маҷбур тарки Ватан мекунанд. Ин ҷавонон кишварҳои дигарро обод мекунанд.

Фаридуни УМАРБЕК, аспиранти факултети журналистикаи ДМТ

Дар кишвари мо барои расидан ба сатҳи роҳбарӣ дар синни ҷавонӣ (то 35 сола дар назар аст) ниҳоят душвор аст. Чунки дар мо ба ҷуз аз сохторҳои давлатӣ дигар чандон корхонаву ширкатҳои давлативу ғайридавлатии зиёд вуҷуд надорад, ки барои ҷалби ҷавонон ба ҳайси роҳбар талош кунанд. Аз сӯйи дигар барои мушарраф шудан ба мақоми роҳбарии ҳар ниҳод дар баробари доштани донишҳои зарурӣ, пеш аз ҳама бархурдор будан аз маҳорати кордониву мудурият хело муҳим аст. Бештари ҷавонон дар ин муддати умри ҷавонӣ аз сатҳи роҳабарӣ дида бештар ба масъалаҳои фароҳам сохтани як зиндагии дуруст андармон мешаванд. Аммо дар мақоми роҳбарии ин ё он ниҳод чандон назаррас набудани нақши ҷавонон (то 35 солаҳо) далели он нест, ки мо чунин ҷавонҳоро кам дорем. Мутаассифона, дар кишвари мо як мушкили асосӣ ин аст, ки зимни интихоби кадрҳои роҳбарикунанда, ҳатто миёни ҷавонон ба ҷойи дониш ва маҳорат дигар омилҳо ба эътибор гирифта мешаванд.
Мӯҳр
Бобоназарова. Шумо киро дар назар доред. Кадом чавон. шояд ягон хешу акрабатонро дар назар доред.

Muhojir
чавон,

Хубтар ва бо диккат мехонди мефахмиди кадом чавонон ро дар назар доранд .... хамон хазорхоо чавонону магзхое ро дар назар доранд ки аз Системаи хешутарборбозии Ватанашон ноумед шуда аз кафои рузиву обод кардан дари Хоричихо мезананд. !

Манучехр
Пеш аз хама чавонон бояд сохиби дарачаи волои касби, масъулият ва химоятгари манфиатхои милли бошанд, барои рох ёфтан дар мансабхои рохбарикунандаи ин ё он ниходи давлати. Баъдан кадрхое ки мутахасиси хубанд бояд дар тайёр намудани кадр дасткутахи накунанд ва кушиш хам кунанд то чавонон мутахасиси хуб шаванд, ки давомдихандаи кори онхо бошанд. Дар ин холат дигар чой барои хешутабор бози ва дигар проблемахо намемонад....

Dev
чавон,
On kas hamon javonhoero dar nazar dorand,ki bo sababi heshu akraboi mansabdoron nabudan, bo sababi az mahali "bolonishinon" nabudan va dar ohir bo sababi maoshi nochiz ,dar Vatan joi kor nadorand..!

Рустам
Дар назарпурсии боло пурсидашудагон ғайр аз Зулайхо Усмонова, корманди Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дигарон ба таври комил ва саҳеҳ ҷавоб нагуфтаанд, ки мушкилӣ дар кист ва ё дар чист. Аслан, новобаста аз кӣ будану чӣ будани ҷавон, агар болаёқату кордон бошад, дар ҳама ҷо кори хубе пайдо мекунад.

Аз пурсидашудагон ҳамчун коршинос ва муҳаққиқ ном мебаранд, ки касе ба коршинос монандӣ надорад ва аксаран аз соҳаҳои забону адабиёт ҳастанд. Масалан аз Адибаи Азиз ба унвони «пажуҳишгар» ном бурда шудааст, ки ӯ на пашӯҳишгар аст, на коршинос. Ба иборае як шоира аст, ки дар кадом фазо эҷод мекунад, худ намедонад ва ва ашъори ӯро дигарон банду баст (таҳрир) намуда.

Дар кишвар фазои солими интихоби касбу кор ҷой дорад. Ҳарки дар кадом соҳае мехоҳад, касб интихоб мекунад ва баъдан дар ҳамон ихтисос ҳамчун мутахассис кор мекунад. Агар дарку фаҳми ҷавон бошад, касе ба он садд гузошта наметавонад.

Дар кившар ҷавонони шоита ҳастанд ва дар касбу кори гуногун фаъолият доранд, новобаста аз макону замон. Инчунин ҷавонони накукор дар сатҳи роҳбарӣ қарор доранд, ки ба манфиати кор аст. Ин коршиносону шоираҳои нимэҷодӣ чизе, ки ба худ писанд нест, қабул надоранд ва аз паша фил месозанд.

Агар чунин коршиносҳои хасакӣ пайдо шаванд, сабаби дилсардии ҷавонони тоҷик ба касбу корҳои гуногун мегардад. Инақидае доранд, ки новобаста аз донишу биниш доштан ҷавонон наметавонанд дар Тоҷикистон ба кор таъмин гардаднд.

Рустами бесавод! Аввал имлои забони точикиро биомуз, баъдан ба эчодиёти ман изхори назар намо. Навиштаи ту иншои хонандаи синфи 5-и а-ро ба хотир меорад. Руятро сиёх накун! Тамаллуккори бефарханг! "Дар кившар ҷавонони шоита ҳастанд ва дар касбу кори гуногун фаъолият доранд, новобаста аз макону замон. Инчунин ҷавонони накукор дар сатҳи роҳбарӣ қарор доранд, ки ба манфиати кор аст. Ин коршиносону шоираҳои нимэҷодӣ чизе, ки ба худ писанд нест, қабул надоранд ва аз паша фил месозанд" Чумлаи подархавои ту арзиши як дирамро надоранд!
!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)