Маскав: Куштӣ ва консерт ба муносибати дидори Оқохон аз Тоҷикистон (АКС)

Дар маҷмааи варзишии Лужникии Маскав ба муносибати 20-умин солгарди боздиди пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Оқохони IV аз Тоҷикстон ва 70-солагии Ғалабаи Шӯравӣ бар Олмон мусобиқаи куштии миллӣ миёни дастаҳои ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия доир гардид.
Тавре сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш ҳамчунин консерти ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон, Ақназар Аловатов, Соҳиба Давлатшоева ва гуруҳи “Помир” баргузор шуд.
Ба гуфти Муҳаммад Эгамзод дар ин ҳамоиш бештар аз ду ҳазор тоҷикони Русия ширкат кардаанд.
Муҳаммад Эгамзод бо намояндагӣ аз сафири Тоҷикистон дар Русия дар ин чорабинӣ иштирок карда, гуфтааст, ки баргузории чунин нишаст ва маъракаҳо барои боло бурдани обруйи кишварамон боис мешаванд. Эгамзод гуфтааст, мусобиқоти варзишӣ ва варзишкорон ба сифати корти муаррифии кишвари мо нақш дорад.
Ваграм Карапетян, намояндаи ҳукумати Маскав ҳам гуфтааст, ки ҷамъияти тоҷикон бо баргузор кардани чунин маросимҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои таҳкимӣ дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мусоидат мекунанд. “Ман бовар дорам, ки мардуми тоҷик сазовари беҳтарин вожаҳои хубанд, инкор намекунам, ки мешавад аз онҳо хеле чизҳоро омӯхт. Аз ҷумла, кордӯстӣ, фурӯтанӣ ва муҳаббату дӯстиро” - гуфтааст намояндаи ҳукумати Маскав.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш устоди варзиши байналмилалӣ аз намуди кикбоксинг, қаҳрамони Русия, Аврупо ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2006, ҳамватани мо Хурсанд Ҷамшедов суханронӣ кардааст.
Мусобиқаи куштии миллӣ, ба иттилои дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар он паҳлавонони тамоми минтақаҳои Русия иштирок кардаанд бо мақоми аввал гирифтани дастаи Твер 1 ва ҷойи дувумро ишғол кардани дастаи Маскав-Ванҷ (соҳибони майдон) ва мақоми сеюмро соҳиб шудани дастаи Твер 2 ҷамъбаст гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |