Бахшҳо

Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

И. СУЛАЙМОНӢ
С. САФАР

Теъдоде аз сокинони кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарор аст ҷойи хонаҳои зисташон иншооти давлатие бино шавад, мегӯянд, маблағи пешниҳоднамудаи давлат бар ивази арзиши манзилҳо хеле ночиз аст. Ба гуфтаи ин сокинон барои гирифтани ин миқдор пул розӣ нашудаанд. онҳо мегӯянд, дар маҷмӯъ 18 манзил ва чанд корхонаи тавлидотии хурд бояд аз ин мавзеъ кӯчонда шавад. Гуфта мешавад, дар ин хонаҳо дастикам 35 хоҷагӣ иқомат мекунад, ки дар ҳар кадоме беш аз 5 нафар зиндагӣ доранд.

Ин сокинони маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” мегӯянд, аз тасмими мақомот барои кӯчонидан мухолиф нестанд, вале талаб доранд, ба онҳо баробар ба арзиши хонаҳояшон пул ва ё манзил барои иқомат дода шавад. Алибахш Бахшиев, сокини 64-солаи ин маҳалла мегӯяд, онҳоро рӯзи 21-уми май ба ҳукумати ноҳияи Сино даъват карда, дар ҳузури намояндаи тамоми сохторҳои дахлдор гуфтаанд, инҷо як бинои давлатӣ сохта мешавад ва шумо бояд пулеро, ки давлат дар баробари хонаҳоятон пешниҳод кардааст бигиреду барои худ хона пайдо намоед: “Мо гуфтем, ки аз тасмими давлат ҳеч норизоятӣ надорем, мувофиқи қонуни давлату ҳукумат моро ризо кунед. Мувофиқи хонамон сексия бидиҳед ё агар сексия надоред, мувофиқи нархи хонаҳо маблағ бидиҳед, ки битавонем ягон ҷои дигар рафта хона бигирем ё замин бихарему хона бисозем”.

Ин сокини 64-солаи Душанбе мегӯяд, мақомот арзиши хонаи ӯро 300 ҳазор сомонӣ муаяйн кардаанд, ки бисёр ноодилона аст: “Мо, дар ин хона 18 нафар зиндагӣ мекунем. Ман бо ҳамсарам, се писарам бо зану фарзандонашон ва ду набераи ятимам. Хонаи ман, ки танҳо ҷойи шишташ бештар аз 170 метри мураббаъ мебошад, барои ҳар метри мураббаш, тақрибан 200 долларӣ нарх гузоштаанд, ки бо ин маблағ ҳатто як хонаи дуҳуҷрадор харида наметавонем. Ин нархгузорӣ дар ҳолест, ки хонаҳои мо дар маркази шаҳр қарор доранд ва бояд як метри мураббаъ нисбат ба дигар минтақаҳои шаҳр гаронтар нархгузорӣ шавад. Ба ин дараҷа ҳам набояд бошад, халқро ҳам фикр кардан даркор аст. Чор танга медиҳанду бирав, куҷое, ки хона ёфтӣ, куҷое, ки замин ёфтӣ”.



Маҳмадулло Носиров, муовини аввали раиси ноҳияи Сино дар суҳбат бо хабарнигорони “Озодагон” гуфт, дар воқеъ ин сокинон ба ҳукумати ноҳия даъват шуданд ва намояндаи фармоишгари сохтмон -- Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо онҳо суҳбат намуд. “Муовини аввали Дирексияи сохтмонии Дастгоҳияи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар ҷаласа иштирок кард ва дархости ин сокинонро навишта гирифтанд ва гуфтанд, мо мебинем”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Носиров изҳор медорад, ҳоло дар нархгузорӣ тағйирот мешавад ё не, чизе гуфта наметавонад, “зеро ин масъулияти фармоишгар аст ва онҳо бо сокинон ҳамкорӣ доранд”.

Алиназар Одинаев, сокини дигари кӯчаи Ҳувайдуллоев, ки дар гузашта раиси маҳалла будааст, мегӯяд, тақрибан охирҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврал огоҳномае оварданд, ки дар он гуфта мешуд, “сохтмонҳои нав накунед ва касеро дар суроғаҳои хонаҳоятон номнавис накунед”. Ба қавли ӯ, “аммо дар он огоҳнома гуфта намешуд, ки дар баробари хонаҳои шумо ин қадар маблағ ҷудо шудааст ва ё то фалон замон муҳлат доред, ки мавзеъро холӣ кунед, ин тавр гапҳо набуд. Як рӯз бо профессор (Муҳаммад Ҷӯраев) писарамро ба Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фиристодам. Онҷо гуфтаанд, ба мо ягон маълумот дар бораи нархи хонаҳоятон наомадааст ва мо ба шумо чизе гуфтан наметавонем. Вале онҷо гуфтаанд, ки зиқ нашавед, давлат шуморо дар роҳ намепартояд. Шумо агар ба ҳамон пуле, ки муайян мешавад, розӣ набошеду имзо накунед, ҳеч кас наметавонад шуморо пеш кунад”.

Сокини дигари ин кӯча, Муҳаммад Ҷӯраев, мудири кафедра дар Донишкадаи баъдидипломии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳеч даъвои барзиёд надоранд, танҳо ҳаққи ҳалолашонро бидиҳанд, то дар ҷои дигар хона харида тавонанд:
“Аммо ба мо пешниҳод накарданд, ки ба шумо хона бидиҳем. Фақат ҳамин, ки ҳамон суми худашон муайянкардаро медиҳанду худат меравӣ хона кофта мехарӣ. Бо ин миқдор маблағе, ки онҳо ҷудо кардаанд, мо ҳеч куҷо рафтан наметавонем. Мо ба хулосае омадем, ки ба номи Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон мактуб бинависем. Мактуб омода ҳаст, фақат имзоҳоро мегузорем ва нархномаҳоро замима мекунем, то Ҷаноби Олӣ ба мушкили мо расидагӣ кунад. Зеро мо боварӣ дорем, ки Ҷаноби Олӣ тарафдори халқ аст. Ин мақомот коре мекунанд, ки эътимоди мардумро аз Ҷаноби Олӣ кам бикунанд”.

Ин сокинон мегӯянд, онҳо намедонанд, нархномаи арзиши хонаҳои онҳоро кӣ муқаррар кардааст. “Мо аз ташкили кадом як комиссия хабар надорем, касе аз мо ҳам даъват нашудааст, ки ту чӣ қадар хона дориву чӣ миқдор хонаат арзиш дорад ва ё касе аз мо аъзои комиссия бошад. Фақат дар ҳукумати ноҳияи Сино як касе ҳамин нархҳоро хонд ва гуфтанд, ки ба шумо ҳамин қадар маблағ дода метавонем ва мо розӣ нашудем. Ҳатто раиси ноҳияи Сино намедонист, ки ин нархнома бар асоси чӣ тартиб дода шудааст. Аз онҳо пурсид, ки мардумро огоҳ карда будед, гуфтанд, ки бале огоҳ кардем. Вале моро огоҳ карда буданд, ки дар ҷойи хонаҳои шумо иншооти давлатӣ сохта мешавад ва то мушаххас шудани тасмими ниҳоӣ аз сохтмонҳои нав ва таъмиру масрафот худдорӣ кунед, вале дар бораи нархнома моро касе огоҳ накарда буд”,-изҳор медоранд сокиноне, ки қарор аст мавзеъи хонаҳояшон барои сохтани иншооти мақомоти давлатӣ истифода шавад.

Вале ба қавли онҳо, мақомот гуфтаанд, мо арзу пешниҳоди шуморо ба баррасӣ мегирем: “То ҳол аз мақомот моро фишор наовардаанд, ки Шумо ҳатман инҷоро холӣ кунед ва бо ҳамин нарх розӣ шавед, вале арзу талаби мо ин аст, ки арзиши хонаҳоямон дуруст муайян карда шавад ва ба мо маблағе бидиҳанд, ки битавонем барои худ хона бисозем, то дар кӯчаву хиёбон намонем”.

Давлат Касиров, соҳибкоре, ки инҷо як корхонаи тавлиди хиштҳои бетонӣ (газоблок) дорад, мегӯяд, корро тоза оғоз кардааст, вале акнун маҷбур аст, ин мавзеъро холӣ кунад. Давлат мегӯяд, ба ӯ дар баробари 800 метри мураббаъ замини корхонааш ҳамагӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ додаанд, ки бисёр ночиз аст ва тасмим дорад, ин маблағро бозпас бисупорад.

Сокинон мегӯянд, тамоми хонаҳояшон санад дорад ва қисми бештари онҳо замони раиси шаҳр будани Мақсуд Икромов қарори сохтмони хонаҳояшонро дарёфт кардаанд. Ҳоло дар нархномаи мақомот танҳо мавзеъи манзилҳо ворид шудааст ва қитъаҳои замини назди хонаҳояшон, ки санади онро низ доранд, вориди нархгузорӣ нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестанд, ки арзиши хонаҳояшон ба ин андоза кам мушаххас шавад ва онҳо натавонад, ки хона бихаранду зану фарзандонашон сари роҳ бимонанд.


Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
salom
вой ба холи конуру давлату мансабдоро ки дар ралли як масъалаи ночизе ба чаноби оли мактуб нависанд
наход ки тамоми бахс ба президент равад?

Барои хамин баракхои кандаги 300 000 сомони кам аст? Эхеее инсофам даркор хамшахрихо.

Фарке надора, ин Асфалтни е он ки махалаи пушти 104 боша.
е махалахои пеши бозори нав, ном ба чои Зелений,
хамаи ин инсонхо то бобову оташон, сахми калон гузоштагиян, ба хотири шахри Душанбе. Ва чиновнико е рАисо кадоме ки, бо ин одамон гапу кор мекуна, бояд бо фикру андешаи хозира, яъне асри 21, рафтор бошад. Он фикру андешаи пешин, дар хамон чои зист кардагияш монда омада бошад.

Иршод-бародар, хизмат барои халк, дар асл, коре хар кас нест! Худо дар пушти панохаш нигох дора.

ятим
Эээ мардума бтен ягонсум бисёртар охи як хонавудари соз кнан Чаноби Оли мета пули хонахотона боз бештар агар арза нависен

Салом Бародари ШАХРВАНД! Ин мардуми бечора барои ин хонахои "Кандаги " чандин солхо Налог бо нархи гарон супоридаанд ки, дар шахри Душанбе зиндаги мекунанд гуфта...!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)